барқияҳо
3 март Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Николя Саркозӣ, Президенти Ҷумҳурии Франсия, барқияи шодбош ирсол намуд, ки дар он зикр ёфтааст:
Ҷаноби Олӣ,
Дар иртибот ба фарорасии бистумин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Франсия сарфарозам ба Шумо табрику муборакбодии самимонаи хешро бифиристам. Ба маврид аст зикр намоям, ки ҷониби Тоҷикистон тайи давраи рушди давлати худ дар фазои соҳибистиқлолӣ маҷмӯи ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаро бо кишвари дӯсти Франсия самти муҳими сиёсати хориҷиаш муқаррар намуда, баҳри таҳкими онҳо талошҳои пайваста меварзад.
Боиси қаноатмандист, ки имрӯз робитаҳои байни кишварҳои мо бар асари саъю кӯшишҳои муштараки доимӣ дар чандин арсаҳои ҳамкориҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мазмуну мундариҷаи мушаххасро касб карда, рӯ ба густариши бемайлон ниҳодаанд. Мо ба ояндаи неки муносибатҳои гуногунҷанбаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Франсия бовар дорем ва ҳамеша барои рушду равнақи онҳо саъй хоҳем кард.
Биноан, умедворам, ки ин санаи муборак дар таърихи муосири робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди байни кишварҳоямон ба марҳилаи ҷадиди тавсеаи минбаъдаи онҳо ҳусни оғоз хоҳад бахшид. Бо истифода аз фурсат ба Ҷаноби Олӣ сиҳатии комилу пирӯзиҳои навин ва ба мардуми дӯсти Франсия хушбахтиву шукуфоии рӯзафзун таманно дорам.
www.president.tj
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 6.03.12 №: 30 Мутолиа карданд: 3335