барқияҳо
3 март Николя Саркозӣ, Президенти Ҷумҳурии Франсия, ба Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барқияи шодбош ирсол намуд, ки дар он омадааст:
Ҷаноби Олӣ,
Барои ман шарафи бузург ва боиси фараҳмандист, ки табрикоти самимии хешро дар иртибот ба фарорасии бистумин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Франсия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо ирсол медорам.
Барқарории муносибатҳои дипломатӣ ба равобити дуҷониба миёни давлатҳои мо асос гузошт. Франсия аз ҷумлаи аввалин давлатҳое буд, ки истиқлолияти Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва ин ба тақвияти муносибатҳо миёни кишварҳои мо, бахусус таҳкими робитаҳои гуногунҷанба, чӣ дар соҳаи сиёсӣ ва чӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмӣ мусоидат намуд.
Франсия ва Тоҷикистон ду даҳсола инҷониб паҳлу ба паҳлу ҳамкорӣ доранд.
Дар тӯли ин муддат онҳо тавонистанд ҳамдигарро беҳтар шиносанд, ҳамкориҳоро ба манфиати мардуми ҳар ду кишвар, ҳам дар муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ тақвият ва густариш диҳанд.
Франсия муҳимияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро ба инобат гирифта, ба Шумо барои мусоидат ҷиҳати будубоши Қувваҳои ҳарбию ҳавоии он дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ки аз ин ҷо фаъолияти худро барои эътидоли вазъ дар Афғонистон амалӣ менамояд, ҳамчунин барои дастгириатон дар сулҳу суботи ин кишвар изҳори сипос менамояд.
Ба мардуми дӯсти Тоҷикистон хушбахтӣ ва шукуфоӣ таманно намуда, аз Шумо, Ҷаноби Президент, хоҳиш менамоям, ки эҳтироми бепоёну дӯстонаи маро қабул намоед.
www.president.tj
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 6.03.12 №: 30 Мутолиа карданд: 3297