барқияҳо
2 март Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Зиллур Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Халқии Бангладеш, барқияи шодбош ирсол намуд, ки дар он гуфта мешавад:
Ҷаноби Олӣ,
Сарфарозам ба муносибати фарорасии санаи хотирмон дар таърихи равобити муосири байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Бангладеш – 20-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ ба Шумо табрикоти самимӣ ва таманниёти неки хешро бифиристам.
Аз ин фурсати муносиб истифода карда, мехоҳам изҳори итминон намоям, ки муносибатҳои ҳасанае, ки то имрӯз байни кишварҳои мо ташаккул ёфтаанд, дар оянда низ густариши бемайлон пайдо намуда, ба манзури таҳкими анъанаҳои робитаҳои дӯстию бародаронаи байни мардумонамон дар соҳаҳои гуногуни ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо мазмуну мундариҷаи мушаххас ғанӣ хоҳанд гашт.
Ҷониби Тоҷикистон омода аст, ки барои расидан ба ин мақсадҳои наҷиб дар асоси усулҳои эътирофгардидаи баробарҳуқуқӣ, эҳтиром ва риояи манфиатҳои якдигар ҳамаи кӯшишҳои лозимаро ба харҷ диҳад.
Ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, сиҳатии комилу муваффақиятҳои нав ба нав ва ба мардуми дӯсти Бангладеш сулҳу субот ва саодату рифоҳ орзумандам.
www.president.tj
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 6.03.12 №: 30 Мутолиа карданд: 3368