мулоқотҳо
Гуфтугӯи телефонӣ бо Владимир Путин
5 март дар нимаи аввали рӯз гуфтугӯи телефонии байни Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Владимир Путин, Президенти интихобшудаи Федератсияи Русия, сурат гирифт.
Эмомалӣ Раҳмон Владимир Путинро бо ғалабаи комилаш дар интихоботи Президенти Федератсияи Русия, ки 4 марти соли 2012 баргузор гардид, аз самими қалб муборакбод намуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба В. Путин дар мансаби нав комёбию муваффақиятҳои бузург орзу намуда, изҳори умедворӣ кард, ки ҳамкории самарабахши байни Русия ва Тоҷикистон ба нафъи мамлакату халқҳоямон густариш меёбад ва мустаҳкам мегардад.
АМИТ "Ховар"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 6.03.12 №: 30 Мутолиа карданд: 2063