logo

мулоқотҳо

Вохӯрии Президент бо вазири рушди иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон

Нимаи дуюми рӯзи 5 март  Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, Шоҳин Мустафоев, вазири рушди иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷонро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории барои ҳар ду ҷониб судманди Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ шуданд.

Бо қаноатмандӣ аз баргузории нахустин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Озарбойҷон таъкид гардид, ки имкону захираҳои фаровони ду мамлакат барои густариши робитаҳои судбахш бояд мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад.
Ҳавасмандии ҳар ду ҷониб ба рушди ҳамгироии сиёсӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, маориф, фарҳанг, туризм ва ғайра таъкид гардид.
Таваҷҷуҳи зиёд ба густариши робитаҳои нақлиётӣ барои афзун намудани ҳаҷми боркашониҳо ва боло бурдани иқтидори транзитии ду кишвар зоҳир карда шуд.
Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба масоили минтақавию ҷаҳонӣ сурат гирифт.

www.president.tj


* * *
Дар нахустин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Озарбойҷон вазъи феълии ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ гардида, дар иртибот ба имкону захираҳои мавҷуда густариши робитаҳои судбахши ду кишвар таъкид шудааст.
Ин матлабро Шоҳин Мустафоев, вазири рушди иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон, баъд аз дидору гуфтугӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳузури хабарнигорон баён намуд. Бино ба гуфти ӯ, ҳамкориҳои ду кишвари ба ҳам дӯст дар бахшҳои иқтисодӣ ва фарҳангию иҷтимоӣ таърихи дерина дорад. Дар ҳамин росто ҷиҳати ба роҳ мондани самтҳои нави ҳамкорӣ, иртиботи бештари соҳибкорони ду кишвар ва баргузории ҳамоишу конфронсҳо оид ба масъалаҳои тиҷоратӣ мувофиқа ҳосил шудааст. Ба бовари Шоҳин Мустафоев, ин омил ба тавсеаи бештари равобити иқтисодиву тиҷоратии ҳарду ҷониб мусоидат хоҳад кард.
Вазири рушди иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон зикр кард, ки дар робита ба гузориши ҳайати мо аз нахустин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ Ҷаноби Президент барои тақвияти бештари ҳамкориҳо дастуру тавсияҳои судманд доданд.
Бино ба иттилои Шоҳин Мустафоев, баргузории ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Озарбойҷон ин навбат дар шаҳри Боку дар назар аст.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.03.12    №: 31    Мутолиа карданд: 2070
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед