барқияҳо
Барқияи табрикӣ ба Ҳорст Зееҳофер
7 март Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Ҳорст Зееҳофер, Раиси Бундесрати Ҷумҳурии Федеролии Олмон, иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Федеролии Олмон, барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:
"Ҷаноби Олӣ,
Ба муносибати фаро расидани бистумин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеролии Олмон сарфарозам ба Шумо табрикоту шодбошҳои самимонаи худро бифиристам.
Мо кишвари Олмонро шарики дерина ва муътамади худ дар арсаи байналмилалӣ медонем ва дастгириву мусоидати пайвастаи онро дар таҳкими пояҳои соҳибихтиёрии давлати Тоҷикистон баланд арзёбӣ менамоем.
Бист сол муқаддам кишварҳои мо дар шароити барои Тоҷикистон нави истиқлолияти миллӣ муносибатҳои байнидавлатиашонро ба роҳ монда, барои ҳамшарикии васеи худ заминаи мусоид фароҳам оварданд.
Боиси қаноатмандист, ки тайи ин муддат доираи равобити дӯстӣ ва гуногунмазмуни байни Тоҷикистон ва Олмон дар ҳамаи бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн зина ба зина густариш ёфта, имрӯз фарогири ҳамкориҳо дар соҳаи рушди устувор мебошад.
Ҷониби Тоҷикистон ҳамеша хоҳони маҳз чунин сатҳу ҷараёни инкишофи муносиботи ҳасана бо кишвари Олмони мутараққӣ мебошад ва омода аст, ки баҳри таҳкими онҳо дар минбаъда ҳам кӯшишҳои зарурӣ ба харҷ диҳад.
Изҳори итминон менамоям, ки саъй ва талошҳои муштарак ҷиҳати татбиқи пайгиронаи тавофуқоте, ки дар рафти сафари тозаанҷомёфтаи инҷониб ба кишвари зебоманзари Шумо ба даст омадаанд, ба ин раванд мусоидати арзишманд хоҳад кард.
Бо камоли масаррат ба Шумо сиҳатии бардавом, бахту иқбол ва дастовардҳои нав ба нав дар фаъолият, ҳамчунин ба мардуми дӯсти Олмон пешрафту шукуфоии рӯзафзун таманно дорам".
www.president.tj
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.03.12 №: 32-33 Мутолиа карданд: 3453