мулоқотҳо
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Алиакбар Солеҳӣ
9 март Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, Алиакбар Солеҳӣ - вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эронро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносиботи гуногунпаҳлуи Тоҷикистону Эрон баррасӣ шуд.
Аз муҳтавои ҳамгироиҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ, хусусан дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёт, изҳори қаноатмандӣ шуд. Таъкид гардид, ки баъди анҷоми пурраи бунёди неругоҳи "Сангтӯда-2" ба эъмори неругоҳи Айнӣ дар болои рӯди Зарафшон шуруъ намудани ҷониби Эрон қадами устувори навбатии ду кишвари дӯсту ҳамзабон дар роҳи таҳким ва густариши робитаҳои судбахш хоҳад буд.
Зикр гардид, ки ҳоло 150 ширкати эронӣ дар Тоҷикистон фаъолияти босамар дорад. Ҳаҷми мубодилоти молӣ миёни ду кишвар дар соли 2011 ба беш аз 204 миллион доллари амрикоӣ расид, ки нисбат ба соли 2010 102 фоиз зиёд аст.
Бо вуҷуди ин, таъкид гардид, ки тибқи имкону захираҳои фаровони мавҷуда ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Эрон бояд аз имрӯза ба маротиб бештар бошад.
Дар мулоқот ҳамчунин доир ба масоили минтақавию байналмилалӣ, мусоидат ба бозсозии ҳаёти осоишта дар Афғонистон ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ сурат гирифт.
Баргузории ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Конфронси 5-уми ҳамкории иқтисодии минтақавӣ доир ба Афғонистон, ки даҳаи сеюми моҳи март дар Тоҷикистон баргузор мегарданд, дорои аҳамияти бузург арзёбӣ гардид.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.03.12 №: 34 Мутолиа карданд: 2062