мулоқотҳо
Эмомалӣ Раҳмон:
"100 - солагии
матбуоти тоҷик
ҷашни умумимиллист"
10 март Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, ба ифтихори 100-умин солгарди матбуоти тоҷик бо намояндагони сершумори воситаҳои ахбори омма мулоқот намуд.
Ҷамъомади идонаи бахшида ба 100 - умин солгарди матбуоти тоҷик дар Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, аҳли матбуоти ҷумҳуриро ба ифтихори ин санаи таърихӣ самимона табрик гуфта, барояшон саломатӣ, саодати рӯзгор ва парвозҳои баланди эҷодӣ таманно намуд.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мамлакат, бо ёдоварӣ аз таърихи садсолаи матбуоти тоҷик, аз ҷумла солҳои аввали он ва фаъолияти тақдирсози устод Садриддин Айнӣ, нақши воситаҳои ахбори оммаро дар бунёд ва рушди давлатдории навини тоҷикон бузург арзёбӣ намуд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, бо ишора ба аҳамияти воситаҳои ахбори омма дар таърихи миллат ва рушди ҷомеа изҳор дошт, ки "100 - солагии матбуоти тоҷик на танҳо ҷашни аҳли матбуот, балки ҷашни умумимиллӣ низ мебошад".
Бо ёдоварӣ аз се марҳалаи рушди матбуоти тоҷик, яъне давраи пеш аз инқилоб, даврони шӯравӣ ва замони истиқлолият, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, изҳор дошт, ки маҳз дар замони истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шумораи воситаҳои ахбори омма, хусусан расонаҳои мустақил ба маротиб афзун шуд. Зикр гардид, ки "соли 1991 ҳамагӣ як агентии иттилоотии давлатӣ вуҷуд дошт ва аз 139 адад рӯзномаву маҷалла фақат чор рӯзнома хусусӣ буд. Имрӯз бошад, 446 рӯзномаву маҷалла ба табъ мерасад, ки 270 - тоаш ҷамъиятиву хусусӣ мебошад. Аз даҳ агентии иттилоотӣ, ки ба қайд гирифта шудааст, 9-тоаш ва аз 44 шабакаи радиотелевизионӣ 28 - тоаш хусусӣ мебошад".
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, расонаҳои давлатӣ ва мустақилро "ду шохаи ба ҳам пайвастаи матбуоти тоҷик" ва дар умури идораи давлатӣ "ёварони давлату ҳукумат" арзёбӣ намуд.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, доир ба мусоидат ба фаъолияти озоду ошкоро ва созандаи матбуоти тоҷик ба сохторҳои масъули давлатӣ як қатор супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла дастур дода шуд, ки моддаҳои вобаста ба таҳқиру тӯҳмати (135 ва 136) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қонунгузории гражданӣ гузаронида шаванд.
Супоришҳои мушаххас ҳамчунин доир ба омода кардани нуқтаҳои фурӯши матбуоти даврӣ дар маҳалҳои серодами шаҳру ноҳияҳо, навсозии воситаҳои чопи рӯзномаю маҷаллаҳо, саҳлсозии расондани нашрияҳо ба минтақаҳои кишвар, таҳияи барномаи давлатии омодасозии кадрҳои соҳа, таъсиси Академияи телевизион ва радио ва ғайра дода шуд. Ҳамчунин дастур дода шуд, ки ҷоизаи давлатии ба номи Садриддин Айнӣ барои хизматҳои арзандаву шоён дар соҳаи воситаҳои ахбори омма таъсис дода шавад.
Дар охири ҷамъомад ба ифтихори 100-умин солгарди матбуоти тоҷик як зумра рӯзноманигорони шинохтаи кишвар ва собиқадорони ин соҳа бо мукофотҳои давлатӣ, аз қабили ордени Шараф дараҷаи 2, медали Хизмати шоиста, Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тӯҳфаҳои арзишноки хотиравӣ, ба мисли телевизор ва компютер, сарфароз гардонда шуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.03.12 №: 34 Мутолиа карданд: 2101