мулоқотҳо
Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод оид ба ҳамкориҳо
гуфтугӯи сӯдманд
анҷом доданд
24 март баъд аз зуҳр Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо Маҳмуди Аҳмадинажод, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки барои иштирок дар ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Конфронси 5 - уми байналмилалии ҳамкории иқтисодӣ доир ба Афғонистон (RECCA- 5) ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, мулоқот намуд.
Сарони ду давлати дӯсту ҳамзабон нахуст ҳамдигар ва мардумони Тоҷикистону Эронро бо фаро расидани Наврӯзи оламафрӯз ва ҷаҳонишавии ин ҷашни пурифтихор табрику таҳният гуфтанд.
Зимни суҳбати хоса ва музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои васеъ масоили ҳамкории дуҷониба ва минтақавии ду кишвар, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсат, иқтисод ва тиҷорат, энергетика, саноат, ҳамлу нақл, илму техника, фановарӣ, кишоварзӣ, маориф ва фарҳанг, баррасӣ шуд.
Бо хушҳолӣ изҳор гардид, ки тайи даҳ соли ахир ҳаҷми умумии муомилоти молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Эрон панҷ баробар зиёд гардида, ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, саноат ва кишоварзӣ, ҳамчун самтҳои афзалиятнок, тақвият ёфт. Қаноатмандӣ, ҳамчунин аз иштироки ширкатҳои эронӣ дар татбиқи барномаҳои инфрасохторӣ ва иртиботот, қабл аз ҳама роҳҳо, пулҳо, шабакаҳои об, нафт, газ, хатҳои интиқоли барқу васоили иттилоотӣ изҳор карда шуд.
Гуфтугӯи судманд доир ба идомаи ҳамкории босамар дар бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ, хатҳои интиқоли нерӯи барқ, роҳу пулҳо, ба ҳам пайвастани шабакаҳои энергетикию нақлиётии ду кишвар, суръат бахшидан ба имконсанҷии лоиҳаи бунёди роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон ва дигар лоиҳаҳои дорои аҳамияити минтақавӣ сурат гирифт.
Зимни суҳбати пурмуҳтаво ҳар ду ҷониб ҳавасмандии устувори худро ба густариши бештари равобити дӯстӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлу таъкид намуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.03.12 №: 38 Мутолиа карданд: 2038