мулоқотҳо
Китобхонаи миллии
Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ
беназир аст
20 март Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуда, дар он чун анъанаи наврӯзӣ бо намояндагони сершумори аҳли зиё мулоқот анҷом дод.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, бинои зебою замонавии нӯҳошёна ва боҳашамати Китобхонаи миллии Тоҷикистонро, ки зоҳиран шакли китоби кушода дорад, бо буридани лентаи рамзӣ мавриди баҳрабардории аҳли илму фарҳанг, донишандӯзон ва кулли мизоҷон қарор дод.
Ба хотири гиромидошти арзишҳои волои миллӣ, бузургдошти мероси пурғановати ниёгон ва зиндасозию абадигардонии хотираи неки таърихӣ дар намои бинои Китобхонаи миллӣ нимпайкараи 22 чеҳраи намоёни илму адаб ва фарҳанги миллати тоҷик, аз ҷумла Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Умари Хайём, Саъдии Шерозӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Абӯбакри Розӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Сайидои Насафӣ, Ибни Муқаффаъ (Рӯзбеҳ), Робияи Балхӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода ҷойгир шудаанд.
Зимни шиносоӣ бо шароити китобдорӣ, хидматрасонӣ ба мизоҷон ва дигар зоирони ин маркази бузурги фарҳангӣ, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки дар бузургии масоҳат, ғунҷоиши захираи китоб, фарогирии хадамоти китобдорӣ-иттилоотӣ ва фаъолияти фарҳангӣ дар Осиёи Марказӣ беназир аст. Дарозии бино 167 метр ва баландиаш 52 метр буда, масоҳати умумии он баробар ба 45 ҳазор метри мураббаъ мебошад.
Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки дорои 25 толори хониш бо якуним ҳазор ҷойи нишаст, 28 махзани нигоҳдории китобу санадҳо ва 10 толори маҷлис аст, барои нигоҳдории 10 миллион нусха китоб пешбинӣ шудааст. Имрӯз фонди умумии Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз 6 миллиону 200 ҳазор нусха маводи чопию электронӣ иборат аст.
Дар компютерҳои толори калони хониши электронии китобхона, ки 170 ҷойи нишаст дорад, 500 ҳазор китоби электронӣ мавҷуд аст. Ғайр аз ин тамоми толорҳои хониши электронӣ тавассути интернет бо беҳтарин китобхонаҳои электронии ҷаҳон робита доранд, ки аз афзалиятҳои муҳими ин муассисаи бузург аст.
Китобхона дорои толорҳои гуногуни хониш, маҳфузгоҳҳо барои нигоҳдории китоб ва дигар асноди иттилоотӣ, ҳуҷраҳои маъмурӣ, маҷлисгоҳҳо ва толорҳои баргузории ҷаласаҳо, симпозиуму конфронсҳо, чопхонаву лабораторияҳои тармими китобҳо, бахшу шуъбаҳои корӣ ва дигар шабакаҳои хадамотӣ аст, ки ҳама ҷавобгӯи талаботи стандарти ҷаҳонӣ мебошанд. Аксари толорҳои хониш соҳавианд ва китобҳои зарурӣ дар худи толорҳо нигоҳ дошта мешаванд, ки барои хонандагон басо мусоид аст. Бисёр намуди хизматрасониҳо ба таври электронӣ анҷом дода мешаванд. Аз ҷумла, хонанда аз ҷойи нишасташ метавонад китоби зарурии худро тавассути шабакаи дохилии электронӣ дархост кунад ва дар муддати кӯтоҳ маводи фармудааш ба ӯ дастрас мегардад.
Толорҳо барои чорабиниҳои илмию фарҳангӣ, аз ҷумла, конфронсу симпозиумҳо тарзе бино ёфтаанд, ки дар онҳо ҳатто имкони баргузории ҳамойишҳои сарони давлатҳо ҷой дорад.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, барои зиёд намудани ҷойҳои нишаст дар толорҳо, пурсамар истифода бурдани ҳар як метри масоҳати холимонда, бо нақшу нигори миллӣ оро додан ва бо гулу ниҳолҳои ҳамешасабзи хонагӣ пок нигоҳ доштани ҳавои дохили бино ба масъулон дастуру ҳидоятҳо дод.
Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамчунин дорои аҳамияти калони иҷтимоӣ аст, зеро шумораи танҳо кормандони хидматрасон, ки бо ҷойгоҳи автоматикунонидашудаи корӣ бо компютерҳо таъмин мебошанд, ба 312 нафар мерасад. Дар маҷмуъ дар ин ҷо 520 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ мешавад.
Бино бо воситаҳои замонавии ҳамлу нақли бор, экскалатор, лифт, камера ва таҷҳизоти дигари назорату мушоҳида, шабакаҳои электронии гармидиҳӣ, ҳаворасонӣ, шамолдиҳӣ, огоҳсозӣ аз хатари сӯхтор ва сӯхторнишонии автоматӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Китобхона, ҳамчунин дорои ошхонаю қаҳвахона бо 560 ҷой ва 215 ҷойи нишаст барои тафреҳ мебошад.
Дар сохтори Китобхонаи нав, ҳамчунин созмондиҳии маҳфузгоҳҳо, шуъбаҳо, бахшҳо, марказҳо ва толорҳои нави хониш ба нақша гирифта шудаанд.
Бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва мавриди истифода қарор гирифтани он барои ба марҳилаи нави рушд ворид шудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ин соҳа мусоидат карда, имкон медиҳад, ки дар радифи такмили фонди китобӣ бо адабиёти ниёзи хониш, низоми нисбатан комили автоматикунонии равандҳои китобдорӣ-иттилоотӣ ҷорӣ гардад.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, зимни мулоқот бо намояндагони сершумори аҳли зиёи кишвар, ки дар яке аз толорҳои бузурги Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, аҳли толор ва мардуми кишварро бо фарорасии ҷашни ҷаҳонигаштаи Наврӯзи хуҷастапай ва ифтитоҳи ин махзани беҳамтои илму фарҳанг табрику таҳният гуфт.
Дастур дода шуд, ки минбаъд ҳар сол 4 сентябр, ки соли 2007 аз ҷониби Сарвари давлат Рӯзи Китоб эълон гардида буд, дар тамоми гӯшаю канори кишвар бо шукӯҳи хоса таҷлил карда шавад. Хотиррасон бояд намуд, ки 4 сентябри соли 2007 бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, санги асоси Китобхонаи миллии Тоҷикистон гузошта шуда буд.
Дар ҷараёни суханронӣ ва суҳбатҳо бо аҳли зиё Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, онҳоро ба вусъат додани фаъолияти эҷодӣ, бедор намудани завқи китобхонию фарҳангдӯстии мардум, ба хусус ҷавонони кишвар ҳидоят намуда, изҳори боварӣ намуд, ки фаъол гардидани Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар раванди афзун намудани майлу рағбати аҳли ҷомеа ба китобу китобхонӣ ва илмомӯзӣ нақши бузург мегузорад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.03.12 №: 38 Мутолиа карданд: 2137