мулоқотҳо
26 март зимни суҳбати нахусти Эмомалӣ Раҳмон, ки бо Тйерри Мариани, вазири нақлиёти Фаронса, сурат гирифт, масоили ҳамкории дуҷониба ва минтақавии ду кишвари шарик баррасӣ шуданд...
Тйерри Мариани ба Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, паёми Никола Саркози - Президенти Фаронсаро расонид, ки дар он ба ҷониби Тоҷикистон барои сатҳи баланду мусоиди ташкили конфронси мазкур ва нақши намоёну муассираш дар рушди ҳамкории минтақавӣ арзи сипос карда мешавад.
Тйерри Мариани ҳавасмандии Фаронсаро ба густариши ҳамгироӣ бо Тоҷикистон барои татбиқи лоиҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва нақлиётию транзитӣ дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон таъкид намуд.
Бо изҳори қаноатмандӣ ҳамкории босамари сохторҳои низомии Тоҷикистону Фаронса, ҳамчунин таҳким ва густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории ду кишвар зарур шумурда шуд.
Ба густариши ҳамкории иқтисодӣ дар бахшҳои саноати кӯҳӣ, сабук, хӯрокворӣ, кимиё ва ғайра ҳавасмандӣ изҳор гашт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.03.12 №: 39 Мутолиа карданд: 1979