мулоқотҳо
26 март зимни суҳбат бо Ян Кубиш, намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба Афғонистон, масоили ҳамгироии дуҷонибаю минтақавӣ барои бозсозии иқтисодиёти Афғонистон ва таҳкими суботи иҷтимоию сиёсии ин кишвар баррасӣ ёфтанд...
Ян Кубиш ба ҷаҳду талошҳои Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистон ба ҳайси кишваре, ки худ даҳшатҳои ҷангу нооромиро аз сар гузарондааст, дар бозсозии иқтисодиёт ва суботи Афғонистон баҳои баланд дод.
Таъкид гардид, ки сохторҳои сершумори Созмони Милали Муттаҳид минбаъд низ рушди босуботи Тоҷикистонро дастгирӣ намуда, тавассути имкону захираҳои геостратегии он ба таъмини эътидол дар Афғонистон низ мусоидати фаъол мекунанд.
Изҳори боварӣ шуд, ки татбиқи босамари лоиҳаҳои зербиноии Тоҷикистон, аз ҷумла бунёди роҳҳои оҳану мошингард, нерӯгоҳҳои барқи обӣ, кашидани хатҳои интиқоли нерӯи барқ ва ғайра ба нафъи кулли минтақа хидмат хоҳад кард, зеро дар онҳо суди ҳамаи кишварҳои манфиатдор ба эътибор гирифта шудааст.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.03.12 №: 39 Мутолиа карданд: 2035