мулоқотҳо
26 март масоили ҳамкории Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид доир ба Афғонистон ва минтақаи атрофи он, ҳамчунин дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, бо хонум Ноэлин Ҳейзер, ёвари Дабири кулли ин созмон, Котиби иҷроияи Комиссияи масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии он барои Осиё ва Уқёнуси Ором, баррасӣ шуданд...
Бо арзи эҳтирому сипос ба талошҳои Тоҷикистон барои таъмини амният ва рушди иқтисодии Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ хонум Ноэлин Ҳейзер аз Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд, ки намояндагони воломақому босалоҳияти кишвар барои идомаи муҳокимаи мавзуъҳои мавриди назар ба ҳамойишҳои оянда доир ба Афғонистон, ки моҳҳои июл ва ноябри соли равон дар Токио (Япония) ва Бангкок (Тайланд) баргузор мегарданд, фиристода шаванд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.03.12 №: 39 Мутолиа карданд: 1942