мулоқотҳо
26 март дар мулоқот бо Яҳё Маъруфӣ, Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ, масоили ҳамкории минтақавӣ мавриди баррасии муфассал қарор гирифтанд...
Тавре ки таъкид гардид, аксари мавзуоти конфронсии 5-уми РЕССА аз ҷумлаи масоиле мебошанд, ки дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) низ мавриди пайгирӣ қарор доранд.
Аз ин хотир ба ҳамкорӣ барои ҷалби сармоягузориҳои густурда ба татбиқи амалии лоиҳаҳои бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ, хати барқии CASА-1000, роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон ва Эрону Покистон ва ғайра таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шуд.
Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба татбиқи амалии санади стратегии "Дурнамои ЭКО то соли 2015" ва дигар санадҳои амалкунанда сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.03.12 №: 39 Мутолиа карданд: 2017