мулоқотҳо
26 март дар мулоқот бо Вилям Лесли Слинг, Директори генералии Созмони байналмилалии муҳоҷират, масоили ҳамкории густурда дар ин соҳа баррасӣ ёфтанд...
Вилям Лесли Слинг изҳор дошт, ки Созмони байналмилалии муҳоҷират минбаъд низ ба ҳаллу фасли мушкилоти Тоҷикистон, аз ҷумла мушкилоти вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ, муҳоҷирати дохилии вобаста ба хатарҳои офатҳои табиию техногенӣ, касбомӯзии муҳоҷирони эҳтимолӣ ва ғайра мусоидат намояд.
Таъкид гардид, ки имкону захираҳои фаровони табиӣ, моддию техникӣ ва инсонӣ ё худ нерӯи кории мардуми Тоҷикистон бояд ба нафъи кулли минтақа, аз ҷумла Афғонистон мавриди истифода қарор бигиранд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.03.12 №: 39 Мутолиа карданд: 2114