мулоқотҳо
26 март зимни мулоқот бо доктор Аҳмад Муҳаммад Алӣ, Президенти Бонки исломии рушд, аз густариши бемайлони ҳамкории дуҷониба изҳори қаноатмандӣ шуд...
Тавре ки зикр гардид, ҳоло дар Тоҷикистон 8 лоиҳаи афзалиятноки сармоягузории давлатӣ бо ҳиссаи Бонки исломии рушд мавриди татбиқ қарор дорад, ки маблағи умумии онҳо 264 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Таваҷҷуҳи зиёд ба афзоиши минбаъдаи сармоягузорӣ ба татбиқи лоиҳаҳои зербиноии дорои аҳамияти минтақавӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ ва ҳам барномаҳои иҷтимоию гуманитарии Тоҷикистон зоҳир гардид.
Барои тавсеаи бештари ҳамкорӣ ифтитоҳи намояндагии Бонки исломии рушд дар Тоҷикистон зарур шумурда шуд.
Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба омодагӣ ба мулоқоти 38-уми солонаи Шӯрои мудирони Бонки исломии рушд, ки соли 2013 бояд дар Тоҷикистон баргузор шавад ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.03.12 №: 39 Мутолиа карданд: 1997