мулоқотҳо
27 март дар мулоқот бо хонум Кори Удовички, Мудири минтақавии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Аврупо ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, раиси Гурӯҳи минтақавии СММ оид ба рушд, масоили татбиқи барномаю лоиҳаҳои сершумори ҳамкорӣ бо Тоҷикистон баррасӣ шуданд...
"Мо фаъолияти сохторҳои фаръию ниҳодҳо ва муассисаҳои мухталифи Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла Барномаи рушди онро дар кишвари худ самаранок арзёбӣ менамоем", - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат.
Кори Удовички Эмомалӣ Раҳмонро бо баргузории бомуваффақияти ин конфронси бонуфузи байналмилалӣ табрику таҳният гуфта, ба фаъолияти Тоҷикистон, ҳамчунин чун кишвари пилотӣ дар татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола баҳои баланд дод.
Гуфтугӯи судманд доир ба тасмимоти ояндаи Тоҷикистон, аз ҷумла дар доираи омодагӣ ба ҳамойиши ҷаҳонии об, ки тобистони соли равон дар Бразилия баргузор хоҳад шуд, сурат гирифт. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки Тоҷикистон яке аз 6 кишвари ташаббускори ғояи "Энергия барои ҳама" дар ҷаҳон аст.
Таваҷҷуҳи зиёд, ҳамчунин ба дастгирии минбаъдаи рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, беҳдошти фаъолият дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва пешгирӣ аз хатарҳои офатҳои табиӣ сурат гирифт. Аз ҷумла таъкид гардид, ки имсол ҳамгироӣ бо Тоҷикистон барои пешгирӣ аз хатарҳои обхезӣ ва дигар офатҳои табиӣ, ки эҳтимолияти рух доданашон бисёр баланд аст, бояд тақвият дода шавад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.03.12 №: 39 Мутолиа карданд: 2110