мулоқотҳо
27 март зимни суҳбат бо Муҳаммад Ҳиҷозӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мисри Араб, ҳолати кунунӣ ва нақшаҳои ояндаи ду кишвар доир ба рушди ҳамкорӣ баррасӣ шуд...
Таваҷҷуҳи зиёд ба татбиқи амалии санадҳои сершумори ҳамкории дуҷониба, ки дар зинаҳои гуногун, аз ҷумла дар сатҳи олии сиёсӣ, ба имзо расидаанд, зоҳир карда шуд.
Ҷоннок намудани фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ ва густариши робитаҳои судбахш зарур шумурда шуд.
Ба идомаи раванди анъанавии бозомӯзиву касбомӯзии коршиносони тоҷик, ки дар чаҳорчӯби барномаи кӯмаки Бунёди мисрии ҳамкории техникӣ сурат мегирад, ҳавасмандӣ таъкид гардид.
Ҳавасмандии зиёд, ҳамчунин ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, дорусозӣ ва ғайра зоҳир гардид.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.03.12 №: 39 Мутолиа карданд: 2026