мулоқотҳо
27 март ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории бисёрпаҳлуи Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, бо Андрей Василев, иҷрокунандаи вазифаи Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии ин созмон, баррасӣ шуданд...
Ба фаъолияти Комиссияи иқтисодии аврупоӣ оид ба татбиқи Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ баҳои баланд дода шуд.
Изҳори боварӣ шуд, ки лоиҳаҳои сершумори иқтисодии дар Конфронси 5-уми RЕCCА муаррифигардида мавриди татбиқи босамар қарор гирифта, ба рушди Афғонистон ва кишварҳои дигари минтақа ва таҳкими амну суботи минтақавӣ мусоидати фаъол мекунанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.03.12 №: 39 Мутолиа карданд: 2045