мулоқотҳо
27 март дар мулоқот бо Алӣ ибни Фаҳд ал - Ҳоҷирӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Қатар, масоили ҳамкории рушдёбандаи ду кишвар баррасӣ ёфтанд.
Алӣ ибни Фаҳд ал - Ҳоҷирӣ паёми табрикӣ ва таманниёти самимии Амири Давлати Қатар шайх Ҳамад ибни Халифа оли Сониро ба Эмомалӣ Раҳмон расонда, ба сатҳи ташкили конфронси 5-уми RЕCCА ва натиҷаҳои он баҳои баланд дод.
"Мо ба густариш ва муносибатҳои дӯстона ва тақвияти ҳамкории судбахш бо Давлати Қатар аҳамияти хос медиҳем ва ҳамин гуна бардоштро аз ҷониби давлати Шумо нисбат ба Тоҷикистон эҳсос менамоем", - изҳор дошт зимни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат.
Изҳори боварӣ шуд, ки бо маблағгузории қатарӣ бунёд ёфтани масҷиди бузурги ҷомеъ дар шаҳри Душанбе ва Маҷмааи манзиливу тиҷоратии "Диёри Душанбе" танҳо оғози ҳамкории густурдаи иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қатар хоҳад буд.
Доир ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноати маъданҳо, бонкдорӣ ва кишоварзӣ, аз ҷумла чорводорию парвариши занбӯри асал гуфтугӯи судманд сурат гирифт.
Тибқи мувофиқоти ҳосилшуда дар нимаи аввали соли равон бояд ҷаласаи нахустини Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ дар Душанбе барпо гардад.
Таваҷҷуҳи зиёд, албатта, ба масоили Афғонистон ва таъсири он ба минтақа низ зоҳир шуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.03.12 №: 39 Мутолиа карданд: 2104