мулоқотҳо
27 март дар фароварди Конфронси 5-уми байналмилалии ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, намояндагони махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Афғонистон ва Осиёи Марказӣ Вигаууас Ушатскас ва Пйер Морелро ба ҳузур пазируфт...
Намояндагони махсуси Иттиҳоди Аврупо ба натиҷаҳои конфронси Душанбегии RЕCCА баҳои баланд дода, Эмомалӣ Раҳмон - Сарвари давлати Тоҷикистон ва ҳамаи созмондиҳандагони ин ҳамойиши муҳими ҷаҳониро бо ин пешрафти намоён табрик гуфтанд.
Тавре ки зикр гардид, конфронси 5-уми RЕCCА бо натиҷаҳои назаррас, аз ҷумла пешниҳоди лоиҳаҳои мушаххаси сармоягузорӣ ба поён расид. Аз ин хотир конфронси Душанбегии RЕCCА оғози марҳилаи гузариш аз сухан ба амал ном гирифт.
Доир ба татбиқи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ ва роҳҳои бартарафсозии мушкилу монеаҳои сунъии рушди ҳамкорӣ дар ин минтақа табодули назар карда шуд.
Ба гуфтаи Вигаууас Ушатскас ва Пйер Морел, Иттиҳоди Аврупо дар марҳилаи кунунӣ нақшаҳои кори дарозмуддати худро дар Афғонистон ва Осиёи Марказӣ барои давраи то соли 2020 тарҳрезӣ дорад.
Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба нақши минбаъдаи Тоҷикистон дар раванди сулҳсозию бозсозии иқтисодии Афғонистон ва минтақаи атрофи он сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.03.12 №: 39 Мутолиа карданд: 2083