logo

президент

Вусъати омодагӣ ба пешгирии офатҳои табиат

28 март  Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо аъзои Ҳукумати кишвар, роҳбарони идораҳои назди Ҳукумат, масъулони Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат ва дигар шахсони дахлдор машварати корӣ доир намуд.
Дар он масоили вобаста ба тезондани киштукори баҳорӣ, омодагӣ ба обхезию дигар офатҳои табиӣ ва вусъат додани кори корхонаҳои саноатӣ баррасӣ шуданд.

Доир ба масоили номбурда гузориши Муродалӣ Алимардон, муовини сарвазири кишвар ва дигар шахсони масъул шунида шуд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, таъкид дошт, ки барои тезондани киштукори баҳорӣ, таъмини кишоварзон бо техникаю механизмҳои зарурӣ, тухмиҳои хушсифат ва нуриҳои минералӣ аз тамоми имкону захираҳои мавҷуда истифода карда шавад. Аз ҳозир барои афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва барои тирамоҳу зимистони оянда фаровон захира кардани неъматҳои моддӣ чораҳои зарурӣ андешиданд.
Дар робита ба эҳтимолияти баланди фуруд омадани тарма ва ярч, обхезиҳои баъди обшавии барфи беандоза зиёди имсола ва боронҳои шадиди баҳорӣ дастур дода шуд, ки дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар ситодҳои омодагӣ ва огоҳсозии мардум аз хавфи офатҳои табиӣ таъсис дода шаванд. Таъкид гардид, ки барои огоҳсозии мардум аз хатари офатҳои табиӣ ва амалисозии чораҳои саривақтӣ воситаҳои ахбори омма ва дигар имконоти мавҷуда бояд васеъ ҷалб гарданд.
Вобаста ба гармшавии тадриҷии ҳаво, зиёдшавии оби дарёҳо ва дар рӯзҳои наздик кам шудани маҳдудияти таъминоти нерӯи барқ дастур дода шуд, ки корхонаҳои саноатӣ баъди бемаҳдудият гирифтани нерӯи барқ корро шабонарӯзӣ, дар се баст ташкил намуда, истеҳсоли маҳсулотро афзун созанд.
Дастуру ҳидоятҳо, ҳамчунин доир ба бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, амалӣ намудани дигар тадбирҳо ва муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ дода шуд.

Дар ин бора ба АМИТ "Ховар" аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.03.12    №: 40    Мутолиа карданд: 31580
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед