logo

президент

Ягон пора замини корам бе кишт намонад

29 март Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, бо раисони вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони як қатор вазорату идораҳо ва масъулони Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат оид ба масоили вобаста ба вусъат додани киштукори баҳорӣ, пешгирии офатҳои эҳтимолии табиӣ ва омодагӣ ба тирамоҳу зимистони оянда машварати корӣ доир намуд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, бо назардошти тӯл кашидани зимистони имсола ва қафо мондани оғози киштукори баҳорӣ аз масъулони ҷумҳуриявию маҳаллӣ талаб намуд, ки аз ҳар рӯзи офтобӣ ва ҳавои мусоид пурсамар истифода баранд, то ки тамоми заминҳои корам кишт шаванд. Таъкид гардид, ки барои ин ба кишоварзон ҳамаҷониба ёрӣ бояд расонд.
Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, зимистони тӯлонии гузашта ва мушкилоти зиёди пешовардаи он, хусусан барои чорводорон собит намуд, ки захираи дусолаи маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ доштан то чи андоза зарур аст. Аз ин хотир таъкид гашт, ки аз ҳозир барои афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзию саноатӣ ва фаровон захира намудани он барои зимистон аз тамоми имкону захираҳои мавҷуда истифода шавад.
Ба роҳбарони тамоми шаҳру ноҳияҳо ва масъулони ҷумҳуриявӣ дастур дода шуд, ки барои огоҳсозии мардум аз хатари обхезию дигар офатҳои табиӣ ва амалисозии чораҳои саривақтӣ ситодҳои доимамалкунанда таъсис дода, онҳоро бо мутахассисони кордон ва техникаю таҷҳизоти зарурӣ таъмин намоянд.
Супоришҳои мушаххас ҳамчунин доир ба вусъат додани корҳои созандагию ободонӣ, ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ мондани фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорон ва муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ дода шуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.03.12    №: 40    Мутолиа карданд: 31882
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед