logo

мулоқотҳо

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷеймс Маттис

31 март Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, Ҷеймс Маттис, Фармондеҳи Фармондеҳии марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуданд.

Бо изҳори қаноатмандӣ аз ҳамгироии судбахши сохторҳои низомию амниятии ду мамлакат дар муборизаи байналмилалӣ бар зидди терроризму ифротгароӣ ҳамзамон роҳҳои таҳким ва густариши ҳамкории минбаъда муҳокима гардид.
"Тоҷикистон ҳамоно хоҳони тавсеаи бештари ҳамёрӣ бо Амрико дар бахшҳои гуногуни амниятӣ ва таҳкими сулҳу субот дар минтақа мебошад", - изҳор намуд зимни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат.
Ҷеймс Маттис ба нақши Тоҷикистон дар мусоидат ба неруҳои байналмилалии посдори сулҳ дар Афғонистон ва ҳам дар бозсозии иқтисодиёти ин давлат баҳои баланд дода, ба Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат ва мардуми ҷумҳурии мо арзи сипосу қадрдонӣ кард.
Таъкид гардид, ки бо назардошти нақши буферии Тоҷикистон дар пешгирӣ аз паҳншавии хатарҳои терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир Амрико минбаъд низ ёрии худро ба неруҳои марзбонӣ ва дигар сохторҳои низомию амниятии дахлдори кишвари мо дареғ намедорад, пеш аз ҳама барои тақвият додани заминаи моддию техникии онҳо. Аҳамияти густариши чунин ҳамкорӣ, хусусан аз соли 2014, ё худ пас аз хуруҷи неруҳои посдори сулҳ аз Афғонистон калон арзёбӣ гардид.
Гуфтугӯи судманд ҳамчунин доир ба авзои иҷтимоӣ-сиёсии Афғонистон ва мамлакатҳои ҳамсояи он, роҳҳои густариши ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ва доир ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.04.12    №: 41-42    Мутолиа карданд: 2105
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед