номаҳо
Дар ивазсозии номҳо
ба тоҷикӣ кори
назаррасе надидем
Вобаста ба соли бузургдошти забони тоҷикӣ пешниҳод карда будам, ки номи бисёр маҳалҳову хоҷагиҳо ва одамон, ки тоҷикиву хушоянд нестанд ва ҳеҷ иртибот ба фарҳангу таърихи миллати мо надоранд, иваз карда шаванд. Ин талаботи аксар зиёиён ҳам буд. Дар сурате ки сол ба поён мерасад, мутаассифона, дар ин самт корҳои назаррасеро надидем. Ҳамин тавр, аз ҷумла номҳои Чапаев, Будёний, Учқун, Ҷарбулоқ, Янгитурмуш, Табар, Теша, Партов, Хошок бояд боқӣ бимонанд?
Бисёр хоҳиш дорам, ки масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо сари ин масъала ҷиддӣ бияндешанд ва аз пайи тағйир додани онҳо гарданд.
Ш. САИД, шаҳри Қӯрғонтеппа
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 4809