номаҳо
Шароити кӯҳистон ба инобат гирифта шавад
Вобаста ба талаботи давр дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ маблағгузории сарикасӣ ҷорӣ мегардад. Албатта, ин хуб аст. Аммо, фикр мекунам, ки шароити мактабҳои кӯҳистонро дар ин маврид ба инобат нагирифтаанд. Дар макотиби пойтахти ҷумҳурӣ ва шаҳру ноҳияҳо дар ҳар синф беш аз 25-30 нафар хонанда таҳсил мекунад. Яъне дар чунин сурат маблағгузории сарикасӣ ба нафъи омӯзгорон мебошад. Ва ҳар муаллим манфиатдор мешавад, ки шумори хонандагони синфаш зиёд гардад. Аммо дар деҳот чӣ? Баъзе аз синфҳо иборат аз 10-12 хонанда аст. Ва омӯзгор барои ин миқдор низ камтар аз 45 дақиқа дарс намегузарад. Пас ӯ ба сабаби камии маош бояд тарки деҳ кунаду барои кор ба маркази шаҳру ноҳия биравад? Аз масъулон хоҳиш дорам, ки ин масъаларо вобаста ба шароити кӯҳистон аз нав дида хулосаи дуруст бароранд.
Н. ҲИСОРИЕВ, ноҳияи Нуробод
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 4694