logo

мулоқотҳо

Гузоришҳои телефонии раисони як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлону Суғд ба Сарвари давлат

4 апрел ба Эмомалӣ Раҳмон, Президенти ҷумҳурӣ,  раисони шаҳру ноҳияҳои Фархор, Данғара, Ёвон, Бохтар, Вахш, Хуросон, Ҷалолиддини Румӣ, Қумсангир, Ҷиликӯл, Панҷ, Қубодиён, Шаҳритус, Носири Хусрав, Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Сарбанд доир ба рафти киштукори баҳорӣ, бунёди боғҳо, ҷамъбасти семоҳаи аввали соли равон ва корҳои ободонию созандагӣ телефонӣ гузориш доданд.
Зимни суҳбати телефонӣ Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ба онҳо доир ба тезондани суръати киштукори баҳорӣ, аз ҷумла кишти пахта ва сабзавот, бунёди боғу токзори нав ва барқарорсозии боғоти кӯҳна, таъмини кори бемонеаи пойгоҳҳои барқии обкашӣ ва шабакаҳои обрасонӣ, хуб ба роҳ мондани маъракаи наслгирӣ аз чорво ва вусъати корҳои ободонию созандагӣ супоришҳои мушаххас дод.
Дастуру ҳидоятҳо ҳамчунин доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар семоҳаи аввали соли равон, иҷрои нақшаи даромад ба буҷетҳои маҳалливу ҷумҳуриявӣ, муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ ва омодагии ҷиддӣ ба зимистони оянда дода шуд.

 

5 апрел ба Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мамлакат, раисони шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Муъминобод, Ховалинг, Балҷувон, Темурмалик, Исфара, Конибодом, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ телефонӣ ҳисоб доданд.
Роҳбарони шаҳру ноҳияҳои мазкур доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти иқтисодию молиявӣ дар семоҳаи аввали соли равон, рафти киштукори баҳорӣ, рафъи оқибатҳои обхезию дигар офатҳои табиӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ ҳисобот доданд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, зимни суҳбати телефонӣ ба онҳо доир ба тезондани киштукори сабзавот, пахта ва дигар зироатҳо, вусъат додани ниҳолшинонӣ ва таъмини кишоварзон бо техника, сӯзишворӣ ва нуриҳои минералӣ супоришҳои мушаххас дод. Таъкид гардид, ки барои аз истифодаи кишоварзӣ дур намондани заминҳои корам аз ҳар рӯзи офтобӣ бояд пурсамар баҳрабардорӣ намуд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба рафъи оқибатҳои офатҳои табиии рухдода ва ҳолатҳои эҳтимолии фавқулоддаи оянда зоҳир гардид. Дастур дода шуд, ки барои ҳифзи мардум аз хавфи фуруд омадани ярчу тарма, обхезӣ, боронҳои селу жола ва дигар офатҳои табиат омодагии ҷиддӣ бинанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 7.04.12    №: 43    Мутолиа карданд: 2058
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед