барқияҳо
Барқияи шодбоши Сарвари давлати Тоҷикистон ба Шоҳи Малайзия
6 апрел Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба унвони Шоҳи Малайзия Алмуътасим Биллоҳи Муҳиббудин Туанку Алҳоҷ Абдул Ҳалим Муаззам Шоҳ ибни Алмарҳум Султон Бадлишоҳи XIY барқияи шодбошӣ ирсол кард, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:
"Аълоҳазрат,
Бо камоли мамнуният Шуморо ба муносибати фарорасии бистсолагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Малайзия табрику таҳният мегӯям.
Кишварҳои мо барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои судманди худ имрӯз имкониятҳои хело ҳам зиёд доранд ва истифодаи ҳарчи пурраи онҳо ба нафъи манфиатҳои халқҳои ба ҳам дӯсти Тоҷикистону Малайзия хоҳад буд.
Мо ба ояндаи дурахшони муносибатҳои бисёрҷанбаи байни кишварҳоямон итминон дорем ва ҳамеша омодаем, ки дар ҳамаи сатҳҳо баҳри рушди минбаъдаи онҳо саъю талошҳои зарурӣ намоем.
Бо истифода аз фурсат ба Аълоҳазрат сиҳатии комилу пирӯзиҳои навин ва ба мардуми дӯсти Малайзия саодату хушрӯзӣ ва пешрафту шукуфоӣ хоҳонам".
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 7.04.12 №: 43 Мутолиа карданд: 3374