номаҳо
Насосҳои пурқувват шинонанд
масъала ба пуррагӣ ҳал мегардад
Дар биноҳои баландошёнаи пойтахт зистан рӯз ба рӯз мушкил гашта истодааст. Инро мо сокинони маҳаллаи «Зарафшон», хонаи 2, ноҳияи Сино хуб эҳсос мекунем.
Муддатҳост, ки аз ошёнаи 6-ум болотар об намебарояд. Онҳое, ки имкон доранд, асбобҳои обкашӣ насб карда мушкилоташонро осон гардонидаанд. Аммо вой бар ҳоли боқиҳо. Мо маҷбурем, ки обро аз ҳавлӣ ба ошёнаҳои 6-9-ум кашонем.
Оид ба ин масъала чандин маротиба ба раёсати хонаҳо муроҷиат карда бошем ҳам, онҳо ба дарди мо даво набахшиданд. Ҳол он ки ба ҷои насосҳои алоҳида, ки оби хонаҳои ошёнаҳои баландро кашида мегиранд, насоси пуриқтидортар шинонанд, масъала ҳал мегардад.
Сокинони хонаи 2-и маҳаллаи «Зарафшон»,
М. Меҳрубонов, Т. Мушкиева, Р. Азизова, Т. Бахтоваршоева, Ф. Нарзуллоев,
Х. Мирзоева, Н. Ёдалиев, Г. Мақсудова, С. Абдуллоева.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 4701