номаҳо
«Верже» моро фиреб медиҳад?
«Верже» қанд ё худ шоколадест. Ман аз супермаркети «Сафар» онро харидаму пушаймон шудам. Бори аввал қандеро бад-ин сахтӣ дидам. Ҳамкоронам низ аз сахтиву бесифатияш дар тааҷҷуб афтоданд.
Аҷаб ин ки як меҳмон ба хонаи мо пас аз як ҳафта «Верже» овард. ӯ онро аз дигар мағоза, дигар ноҳия харида будааст. Ва аз «Верже»-и харидаи ман ҳеҷ тафовут надошт.
Гап дар сари он аст, ки ин қанд аз рӯи навиштаҳо гӯё дар Украина истеҳсол шуда. Аммо метавон ба ин бовар кард? Шунидам, ки онро дар чанд хонаи шаҳрвандони кишвари мо истеҳсол мекунанд. Намедонам рост аст ё дурӯғ. Ба ҳар ҳол ин вазъ таҳқиқ мехоҳад.
Ҷ. АДҲАМ, шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 4497