logo

мулоқотҳо

Штефан Колер: "Маро сафири энергетикаи Тоҷикистон дар Олмон бишуморед"

6 апрел  Эмомалӣ Раҳмон,  Президенти мамлакат,  Штефан Колер, роҳбари раёсати Агентии энергетикаи Олмонро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуданд.
"Мо Ҷумҳурии Федеративии Олмонро яке аз шарикони асосии худ дар Аврупо медонем", - изҳор дошт зимни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон.

Тавре ки зикр гардид, ҳамшарикии Тоҷикистону Олмон асосан дар сатҳи ҳамкорӣ бо мақсади таъмини рушди устувор сурат гирифта, соҳаи ҳаётан муҳими энергетикаро низ фаро гирифтааст.
Штефан Колер аз мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорони Олмон, ки моҳи декабри соли 2011 дар Берлин сурат гирифта, он вақт Ёддошти тафоҳум доир ба ҳамкории дуҷониба дар соҳаи энергетика ба имзо расида буд, ёдовар шуда, бори дигар таъкид намуд, ки "азми Агентии энергетикаи Олмон ба густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон устувор аст".
Штефан Колер изҳор дошт: "Баъди боздиди имрӯза аз неругоҳи Норак андешаи ман дар бораи аҳамияти бузурги неругоҳи Роғун, ки дар шароити монанд ба мавзеи Норак бунёд меёбад, боз ҳам қавӣ гардид ва ман минбаъд ширкатҳои олмониро ба иштирок дар татбиқи ин лоиҳа тарғиб хоҳам кард". Гузашта аз ин, ӯ таъкид дошт, ки "минбаъд мардуми Тоҷикистон метавонад маро сафири энергетикаи давлати худ дар Олмон бишуморад".
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ба ҷониби Олмон барои дастгирӣ ва мусоидат ба навсозии техникии иншооти гидроэнергетикӣ ва сохтмони неругоҳҳои барқи обии хурд дар Тоҷикистон арзи сипос намуда, изҳори боварӣ намуд, ки минбаъд чунин ҳамкорӣ тавсеа хоҳад ёфт.
Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба идомаи бунёди неругоҳҳои хурду миёнаи барқи обӣ, ташкили ҳамкорӣ дар самти истихроҷи нафту газ, истеҳсоли биогаз ва таҷҳизоти каммасрафи барқӣ сурат гирифт.
Таъкид гардид, ки густариши ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар соҳаи энергетика ба нафъи ҳар ду давлат буда, ба рушди иқтисодӣ ва таҳкими амнияту суботи минтақа низ мусоидат мекунад.

www.president.tj


Штефан Колер, роҳбари раёсати Агентии энергетикаи Олмон, ки баъд аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо хабарнигорон суҳбат дошт, натиҷаҳои сафараш ба кишвари мо ва дидору гуфтугӯяш бо Сарвари давлатро пурсамар арзёбӣ кард.
Ӯ ҳадафи сафараш ба Тоҷикистонро густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши энергетика унвон кард.

Роҳбари раёсати Агентии энергетикии Олмон, ки дар доираи ин сафар аз Неругоҳи барқи обии Норак дидан кардааст, ба зарурати сохтмони неругоҳи Роғун, ки дар шароити монанд ба он бунёд меёбад, таъкид намуд. Бино ба андешаи ӯ, Роғун натанҳо ба Тоҷикистон, балки ба манфиати кишварҳои минтақа низ хизмат хоҳад кард. Штефан Колер изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар заминаи тавсеаи ҳамкориҳои энергетикӣ ҳамчунин ҷиҳати бунёди неругоҳҳои хурду миёна дар Тоҷикистон алоқаманд аст.
Дар ин мулоқот ҳамчунин дигар масоили ҳамкориҳои байни ду кишвар, аз ҷумла таъмини аҳолӣ ва коргоҳҳои саноатии Тоҷикистон бо гази табиӣ матраҳ шудааст. Зимнан ба роҳ мондани истеҳсоли биогаз дар Тоҷикистон яке аз мавзуъҳои меҳварии суҳбат буда, бино ба гуфти Штефан Колер, қарор аст, дар ин замина ба зудӣ аз Олмон дастгоҳи вижае барои озмоиш ба Тоҷикистон ворид шавад. Ин дастгоҳ метавонад аз пасмондаҳои маводи ғизоӣ ва дигар партовҳо биогаз ҳосил намояд, ки аз нигоҳи сифат ба гази табиӣ баробар аст.
Таъкид шуд, ки Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар ин самт таҷрибаи кофӣ дорад ва солҳо инҷониб ниёзи худро аз ин роҳ бароварда месозад.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.04.12    №: 44-45    Мутолиа карданд: 2281
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед