мулоқотҳо
Мулоқот бо намояндаи доимии Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон
6 апрел, бегоҳии рӯз Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, Ҷоҷи Токеши - намояндаи доимии Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, бо назардошти ба поён расидани муҳлати фаъолияти Ҷоҷи Токеши дар Тоҷикистон ба кори сесолаи ӯ баҳои баланд дод.
Тавре иттилоъ дода шуд, аз соли 1998 ба ин сӯ аз ҷониби Бонки осиёии рушд ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 860 миллион доллари амрикоӣ қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва ёрии техникӣ ҷудо гардидааст, ки 350 миллиони он ба 3 соли охир рост меояд.
Ҷоҷи Токеши, ки минбаъд намояндаи Бонки осиёии рушд дар Афғонистон хоҳад буд, дар навбати худ изҳор дошт, ки дар оянда низ бо Тоҷикистон ҳамкории худро идома хоҳад дод.
Ба гуфти ӯ, бисёр лоиҳаҳои сармоягузорӣ мавҷуданд, ки ба рушди ҳамкории минтақаии Тоҷикистону Афғонистон ва дигар кишварҳои минтақа равона гардидаанд ва Бонки осиёии рушд дар татбиқи онҳо иштироки фаъол хоҳад дошт.
Азми устувори Тоҷикистону Бонки осиёии рушд ба пайвастани шабакаҳои нақлиётию энергетикии Тоҷикистону Афғонистон бо Туркманистону Покистон, аз ҷумла доир ба кашидани хатҳои барқу газ ва бунёди роҳҳои оҳану мошингард, таъкид гардид.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.04.12 №: 44-45 Мутолиа карданд: 2137