барқияҳо
Барқияи табрикии Президенти Тоҷикистон ба Президенти Русия
6 апрел Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба унвони Дмитрий Медведев, Президенти Федератсияи Русия, барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он чунин омадааст:
“Дмитрий Анатолевичи арҷманд,
Ба ифтихори бистумин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия табрики самимӣ ва орзуҳои беҳтаринамро ба Шумо ирсол медорам.
Мо, дар Тоҷикистон муносибатҳои дӯстии зич ва ҳамкории бисёрҷониба бо Федератсияи Русия - шарики стратегиамонро қадр мекунем. Ин муносибатҳо дар авлавиятҳои сиёсати хориҷии давлати мо мақоми хоса доранд.
Хурсандибахш аст, ки тайи ду даҳсолаи гузашта ҳамкории байни кишварҳоямон суръати рушди мусбат дошта ва он пайваста бо рушду густариши хушсифат дар ҳамаи мавқеъҳои асосии ҳамкорӣ, ҳам дар асоси дуҷониба ва ҳам дар асоси бисёрҷониба сурат мегирифт.
Имрӯз муносибатҳои Тоҷикистону Русия аслан ҳамаи соҳаҳои ҳаётро фаро мегиранд, ки манфиатҳояшон дар онҳо мушобеҳи якдигар буда ва омили муҳими сулҳу суботи минтақа мебошанд.
Муносибатҳои имрӯзаи мамлакатҳои мо, ки дар принсипҳои баробарӣ, эҳтироми якдигар, ба назар гирифтани манфиатҳои дуҷониба, ёрии ҳамдигарӣ ва дастгирии якдигар қарор дошта, хусусияти дарозмуддат доранд, дар қиёси сиёсӣ, дар бахши иқтисодиёт, амният, дар соҳаи гуманитарӣ ва аз рӯи бисёр самтҳои дигари равобити амалӣ муттасил рушду густариш меёбанд.
Бистсолагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ санаи фархундаи таърихи навтарини муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия мебошад. Он дар айни ҳол сабабе барои дарк намудани дурнамои ҳамкории мутақобилан муфиди мо ва роҳҳои пешравии минбаъда мегардад.
Марому манфиати самимонаамонро дар амри бо мазмуни нав пурра гардонидани ҳамаи ҷиҳатҳои ҳамкории ду кишвар тасдиқ намуда, изҳори боварӣ мекунам, ки мо бо неруи мавҷудаи муносибатҳои Тоҷикистону Русия такя намуда, бо саъю кӯшишҳои муштарак ба қуллаҳои нави рушди он ба нафъи халқҳоямон мерасем.
Ба Шумо, муҳтарам Дмитрий Анатолевич, аз самими қалб тансиҳатии бардавом ва натиҷаҳои нави самарабахш дар фаъолияти минбаъдаатон ва ба ҳамаи халқи Русияи дӯст сулҳ ва беҳбудию шукуфоиро таманно дорам”.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.04.12 №: 44-45 Мутолиа карданд: 3301