барқияҳо
Барқияи табрикии Дмитрий Медведев ба Эмомалӣ Раҳмон
6 апрел Дмитрий Медведев, Президенти Федератсияи Русия, ба унвони Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, чунин омадааст:
«Мӯҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Ба муносибати 20 - солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон табрики самимонаро қабул фармоед.
Тайи солҳои гузашта бо саъю кӯшишҳои якҷоя ба мо муяссар гардид, ки ҳамкории дуҷонибаро, ки дар анъанаҳои бисёрсолаи дӯстӣ қарор дорад, ба сатҳи сифатан нав бардорем. Русия ва Тоҷикистон муколамаи сиёсӣ ва робитаҳои тиҷоратиро пайваста таҳким бахшида, ҳамоҳангсозиро дар масъалаҳои муқобилат ба хавфу таҳдидҳои нав роҳандозӣ менамоянд.
Аминам, ки ривоҷи минбаъдаи ҳамкорӣ дар умури байналмилалӣ ва минтақаӣ, аз ҷумла дар ҳошияи иттиҳодияҳои ҳамгироӣ ҷавобгӯи манфиатҳои кишвару халқҳоямон буда, ба кори сулҳу амнияти Осиёи Марказӣ хидмат менамояд.
Ба Шумо, тансиҳатии бардавому комёбиҳо ва ба халқи дӯсти Тоҷикистон беҳбудию шукуфоӣ орзу дорам».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.04.12 №: 44-45 Мутолиа карданд: 3363