барқияҳо
Барқияи шодбоши Шоҳи Малайзия
ба Президенти Тоҷикистон
6 апрел ал-Муътасим Биллоҳи Муҳиббуддин Туанку Алҳоҷ Абдул Ҳалим Муаззам Шоҳ ибни Алмарҳум Султон Бадлишоҳи ХIV, Шоҳи Малайзия, ба унвони Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, чунин омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Ба муносибати воқеаи фархундаи 20 – солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии байни Малайзия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба 20 марти соли 2012 рост меояд, Ража Пермайсури Агонг (Маликаи Малайзия) ба табрикоту орзуҳоям нисбат ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, нисбат ба Ҳукумат ва халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ мешавад.
Мутмаинам, ки муносибатҳои дӯстонаи байни кишварҳоямон минбаъд ҳам мустаҳкам мегарданд.
Орзуҳои беҳтарини моро, Ҷаноби Олӣ, дар мавриди тансиҳатӣ ва беҳбудии Шумо, ҳамчунин сулҳу шукуфоии Ҳукумату халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.04.12 №: 44-45 Мутолиа карданд: 3359