номаҳо
То ташвишу
нигарониамон наафзояд…
Хуб аст, ки дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ либосҳои ягонаи мактабиро ҷорӣ намуданд. Мо гумон доштем, ки пас аз ин харҷу ташвиши мо камтар мешавад. Аммо баръакс он зиёдтар гардид. Нархи либосҳо вобаста ба ин боло рафт. Инчунин пайдо намудани либоси мактабие, ки ба талабот ҷавобгӯ бошад, ҳаргиз осон набуд.
Ба либосҳои фарзандонамон дар мактаб эрод гирифтанд, ки ранги он гӯё андаке фарқ мекардааст. Мо инро медонем, аммо ба куҷо, ба кӣ муроҷиат намоем? Ва оё аз баҳри ин либосҳо бароем? Магар меандешанд, ки мо боз аз куҷо маблағ барои харидории либосҳои мактабӣ пайдо мекунем?
Хоҳиш ин аст, аз ҳозир масъулон сари ин масъала биандешанд, то дар соли хониши оянда ташвишу нигарониямон ба маротиб наафзояд.
Д. Ҷумъаева, ш. Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 4405