logo

мулоқотҳо

Суҳбати телефонӣ бо як қатор раисони шаҳру ноҳияҳои кишвар

6 апрел ба Эмомалӣ Раҳмон,  Президенти ҷумҳурӣ, раисони шаҳру ноҳияҳои Мастчоҳ, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Ғончӣ, Зафаробод, Истаравшан, Шаҳристон ва Панҷакент телефонӣ ҳисобот доданд.
Таваҷҷуҳи асосӣ ба тезонидани киштукори баҳорӣ, васеъ намудани майдони боғу токзор ва омодагӣ ба пешгирӣ аз офатҳои табиӣ зоҳир гардид.
Эмомалӣ Раҳмон,  Сарвари давлат, ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳои мазкур доир ба расонидани ёрӣ ба деҳқонону боғпарварон, аз ҷумла, таъмини онҳо бо техникаи кишоварзӣ, тухмиҳои хушсифат ва нуриҳои минералӣ супоришҳои мушаххас дода, таъкид намуд, ки барои пурсамар истифода бурдани ҳар ваҷаб замини корам тадбирҳои саривақтӣ андешанд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки кори ситодҳои доимамалкунандаи ҳолатҳои фавқулода таҳти назорати ҳамешагӣ қарор дошта бошанд, то ки дар ҳолатҳои зарурӣ ба бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ фавран сафарбар шаванд.


Субҳи 7 апрел ба Эмомалӣ Раҳмон,  Президенти кишвар,  раисони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Қайроққум, Чкалов, Табошар, Ҷаббор Расулов, Ҷиргатол, Тавилдара, Тоҷикобод, Рашт, Нуробод ва Норак телефонӣ ҳисобот доданд.
Зимни ҳисоботи раисони шаҳрҳои Хуҷанд, Қайроққум, Чкалов, Табошар ва Норак таваҷҷуҳи асосӣ ба иҷрои буҷети давлатӣ дар семоҳаи аввали соли равон, таъмини фаъолияти шаборӯзии корхонаҳои саноатӣ, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва муҳайёсозии ҷойҳои иловагии кор, вусъати ободонию созандагӣ, тармиму навсозии роҳҳои мошингард ва беҳсозии хизматрасонӣ ба мардум зоҳир гардид.
Раисони ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Ҷиргатол, Тавилдара, Тоҷикобод, Рашт ва Нуробод доир ба суръат бахшидан ба киштукори баҳорӣ, бунёди боғҳои наву навсозии боғҳои куҳна ва рушди бахши картошкапарварӣ ҳисобот доданд.
Тибқи супоришҳое, ки ба раисони ноҳияҳои Ҷиргатол, Тавилдара, Тоҷикобод, Рашт ва Нуробод дода шуд, имсол дар ин ноҳияҳо майдони кишти картошка бояд 2 ҳазор гектар зиёд карда шавад ва ин имкон медиҳад, ки иловатан 4 ҳазор нафар бо кор таъмин гардад.
Тибқи дастуру талаботи Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, истеҳсоли картошка имсол дар Тоҷикистон бояд ба зиёда аз 1 миллион тонна расонда шавад.
Ба раисони шаҳру ноҳияҳои кӯҳистон, ҳамчунин доир ба пешгирии хатари обхезӣ, ярчу тарма ва дигар офатҳои табиат низ супоришҳои мушаххас дода шуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.04.12    №: 44-45    Мутолиа карданд: 2202
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед