мулоқотҳо
Таъиноти кадрӣ
9 апрел Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои баланд дар мақомоти прокуратура ва корҳои дохилӣ пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
Дар мувофиқат бо Сарвари давлат ба вазифаи прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қулмаҳмад Арбобов таъин шуд. Араб Сидиқов муовини аввали прокурори вилояти Суғд ва Амонҷон Рафиев муовини прокурори ҳамин вилоят таъин шуданд. Прокурорҳои ноҳияҳои Шуғнон, Ванҷ, Фархор, Шоҳмансури шаҳри Душанбе, сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ, сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Темурмалик ва командири яке аз қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ иваз шуданд.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти ҷумҳурӣ, зимни суҳбат онҳоро ба муборизаи шадид бо ҷинояту ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои коррупсионӣ ва марбут бо маводи мухаддир, таъмини амнияту суботи ҷомеа ва баланд бардоштани донишу малакаи касбии кормандон ҳидоят намуд. Бо изҳори нигаронӣ аз афзоиши қонуншиканӣ ва ҷинояткорӣ дар миёни ҷавонону ноболиғон дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.
Аз роҳбарияти Прокуратураи генералӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ талаб шуд, ки ба тарбияи хуби мутахассисони ҷавон, ҷобаҷогузории кадрҳо, арзу шикояти мардум ва таъмини волоияти қонун таваҷҷуҳи доимӣ дошта бошанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.04.12 №: 46 Мутолиа карданд: 2158