номаҳо
Ба куҷо ва ба кӣ шикоят барам?
Аз шаҳри Хоруғ ба шаҳри Душанбе меомадам. Ин бор диққати маро сангҳо ва нишони мазорҳои сари роҳи мошингард ба худ ҷалб кард. Талх ҳам бошад, бояд гуфт, ки манзили охирати ин марҳумон дар шафати шоҳроҳ нест. Сангҳо ва нишонҳо танҳо гувоҳи дар ин макон бар асари садама ба ҳалокат расиданашон мебошанд. Ба хулоса омадам, ки роҳҳои моро он гуна ки мебояд, соҳибӣ намекунанд. Яъне ҳар кас бо пайдо кардани имкон барои хешу пайванди дар роҳ ҳалокгардидааш озодона метавонад санг ва ё нишоне бигузорад. Хуб, агар аз аксари мусофирон бипурсем, ки ин марҳумони нишондор киҳоянд, посух намеёбем. Чаро? Чунки онҳоро намешиносанд ва ҳам шахсиятҳои маъруф набуданд.
Агар ҳар кас ба пайравӣ аз ин амал барои пайванду хешованди дар роҳ ҳалокшудааш санг ва ё нишоне гузорад, яқин оянда як ваҷаб ҷой дар канори роҳҳо намемонад.
Бо ин андешаҳо ва ҷустуҷӯи роҳи ҳалли масъала аз кӯчаҳои пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе мегузаштам. Дидам, ки пойтахт низ ба ин мушкил рӯ ба рӯст ва ҳанӯз дар андешаи ҳалли он нест. Пас ба куҷо ва ба кӣ шикоят барам?
Гуляман АЛИЁРОВА,
шаҳри Хоруғ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.04.12 №: 47-48 Мутолиа карданд: 4290