номаҳо
Сардиҳои зимистон рафт, аммо …
Зимистони имсола сард омад, вале муносибати фурӯшандаҳо сардтар. Гап дар сари он аст, ки ман дар мавсими сармо барои ягона фарзандам панҷ пойафзори зимистона харидам. Нархи ҳар кадоме беш аз сад сомонӣ буд. Зуд об мекашиданду аз истифода мебаромаданд. Барои ин чанд бор ҷигарбандамро сарзаниш ҳам намудам. Мепиндоштам, ки ӯ ба попӯшиаш аҳамият намедиҳад ва қасдан аз миёни об мегузарад. Дар асл, баъд фаҳмидам, ки ӯ ҳеҷ гуноҳе надоштааст. Пойафзорҳо ҷавобгӯи талабот набудаанд.
Ба фурӯшандаҳо зорӣ мекардам, то попӯшие бидиҳанд, ки ақаллан як мавсим хидмат бикунад. Савгандҳои бешумор мехӯрданд, ки ин пойафзор босифат мебошаду шуморо қонеъ мекунад.
Шукр, сардиҳои зимистон рафт, аммо муносибати фурӯшандаҳо нисбат ба мо бетағйир мондааст.
Ба ман мегуфтанду мегӯянд, ки ҳамеша колоеро бихарам, ки нархаш гарон бошад. Гаронӣ кафолати сифати коло мешавад. Кош ақаллан чунин мебуд. Аммо сад сомонӣ ҳам магар пули андак аст? Хоса барои омӯзгоре, ки панҷсад сомонӣ маош мегирад.
Магар имкон надорад, ки мағозаҳои давлатиро таъсис ва сифати колоҳоро кафолат бидиҳанд? Охир ин тоҷирон ҳеҷ аз фиребу ғорати мо сер нашуданду намешаванд.
Н. АВАЗОВ,
ноҳияи Рӯдакӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.04.12 №: 47-48 Мутолиа карданд: 4326