номаҳо
Мурдаҳоро куҷо
мебаранд?
Ба ин пурсиш посух гуфтан осон аст. Оре, ба зодгоҳашон мебаранд. Агарчи беш аз 40-50 сол дар пойтахт ё дигар гӯшаву канори кишвар зистаанду беҳтарин давраи умрро сипарӣ кардаанд. Барфу борон, фаромадани тармаҳо дар ин ҳол монеъ намешаванд, балки аз он наметарсанд. Чунин буду ҳаст, агарчи дидаему шунидаем, ки чандин рӯз бо ҷисми беҷони марҳум дар миёни роҳ мондаанд.
Агар ҷисми беҷони як нафар одами одиро мебаранд, ҷойи тааҷҷуб нест. Бадбахтона, аксар колбади шахсиятҳои маъруфро ба зодгоҳашон мебаранду ба хок месупоранд. Ва ин амал дар асоси васияти ин марҳумон сурат мегирад.
Албатта, ҳар кас ҳуқуқ дорад, ки манзили охираташро худ интихоб намояд. Аммо чаро ин гурӯҳ тамоми умр мегӯянд, ки ҳар як гӯшаи Тоҷикистон барояшон Ватан аст, вале манзилашонро дар айёми пирӣ бар гӯшаи дигари Ватан тарҷеҳ медиҳанд?
Баҳром АЙНИДДИНОВ,
шаҳри Қурғонтеппа
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.04.12 №: 47-48 Мутолиа карданд: 4522