илм
Михаил
Дяконов
"Тоҷикон сокинони бумии Осиёи Миёна мебошанд. Ниёкони тоҷикони имрӯза суғдиён, бохтариён, сакҳо ва дигар мардуми эронинажоди минтақа, офарандагони тамаддуни воло ва ҳунармандону кишоварзони гулдаст буданд. Тамаддуни тоҷикон аз даврони аввали ташаккули кишоварзӣ сар шуда, асрҳои миёнаро гузашта, дар ҳамон шакл то ба имрӯз омада расидааст.
Аз замини тоҷикон халқу қабилаҳои гуногун гузаштаанд. Ғосибони бисёре монанди сипоҳи Искандари Мақдунӣ, арабҳо, туркҳо, муғулҳо ва ғайра ҳам буданд, оинҳо дигар мешуданд, аммо риштаи анъанаҳои тамаддуни тоҷикон ҳеҷ гоҳ канда нашудааст".
Ин навиштаҳо ба қалами яке аз эроншиносони маъруфи солҳои 30-50-уми садаи 20, профессор Михаил Михайлович Дяконов нисбат доранд. Ӯ соли 1907 дар шаҳри Петербург дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Таҳсили ибтидоиро дар зодгоҳ гирифт, пас дар донишгоҳҳои шаҳрҳои Осло (пойтахти Норвегия) ва Ленинград (ҳоло Санкт-Перетбург) таҳсил кард, забони форсиро бо таъриху тамаддуни соҳибонаш омӯхт. Солҳои аввал дар Эрмитаж, Пажӯҳишгоҳи бостоншиносии Ленинград ва солҳои охири умр дар Донишгоҳи ба номи Ломоносови Маскав дарс мегуфт. Моҳи феврали соли1945, ҳангоме ки набардҳои сангину хунини Ҷанги Бузурги Ватанӣ идома доштанд, дар Маскав ҷамъомади бостоншиносони шӯравӣ баргузор гардид. Дар он нақшаи таҳқиқотҳои ояндаи илмӣ ва ташкили экспедитсияҳои калони минтақавӣ кашида шуданд. Ва яке аз экспедитсияҳое, ки бо қарори он ташкил гардида буд, ин гурӯҳи бостоншиносӣ барои омӯзиши ёдгориҳои Тоҷикистон ва гузаштаи пурифтихори ин бахши диёри тоҷикон буд.
Соли 1946 экспедитсия ташкил ва сарвари он шарқшинос академик А. Якубовский таъин шуд. Аллакай то созмон додани экспедитсия Якубовский як гурӯҳ донишмандони ҷавон, аз ҷумла М. Дяконовро даъват намуд.
Худи ҳамон сол ҳайати экспедитсия ба Тоҷикистон омад ва барои омӯзиши бисёрсола харобаҳои Панҷаканди бостонӣ интихоб гардид ва ҳафриёти васеъ оғоз ёфт. А. Якубовский барои таҳқиқи ёдгориҳои минтақаи ҷануби Тоҷикистон ду гурӯҳро созмон дод: якум, зери сарварии А.Белинский ба водии Вахш ва минтақаи байни он ва рӯди Панҷ; дуюм, бо роҳбарии М. Дяконов ба водии Кофарниҳон ва мавзеи байни он ва рӯди Сурхон равона шуданд.
М. Дяконов солҳои 1946-1951 ёдгориҳои ҳавзаи рӯди Кофарниҳонро таҳқиқу дар харобаҳои чанде аз онон Хоки сафед, қабристони Тӯпхона, Қалъаи Мир ва ғайра ҳафриёти бостоншиносӣ бурд ва мақолаҳои пурмазмуну ҷолибе навишт.
А. Якубовский моҳи марти соли 1953 чашм аз ҷаҳон пӯшид ва М. Дяконов сарвари экспедитсияи бостоншиносии Тоҷикистон таъйин гардид. Ба гуфтаи А. Белинский, Дяконов барои рушди корҳои бостоншиносӣ ва бо омӯзиш фаро гирифтани тамоми қаламрави Тоҷикистон, тарбия кардани мутахассисони ҷавони тоҷик ва ғайра нақшаҳои нав тартиб дода будааст, аммо бемории ногаҳонӣ гиребонгири ӯ шуд ва моҳи июни соли 1954 дили ин дӯсти хайрхоҳи тоҷикон аз кор монд.
Давоми қариб даҳ соли фаъолият Михаил Дяконов дар омӯзиши ёдгориҳои Тоҷикистон ҳиссаи арзанда гузошт ва корҳои нашр кардааш то ба имрӯз қимати баланди илмӣ доранд. Ӯ ҳамчунин муаллифи чандин боби "Таърихи ҷаҳон" оид ба таъриху тамаддуни мардуми форсизабони Шарқ дар асрҳои миёна мебошад. Инчунин асарҳои чанде аз бузургони адабиёти тоҷику форсро ба русӣ тарҷума кардааст.
Усмони ЭШОНЗОД
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.04.12 №: 47-48 Мутолиа карданд: 4917