туризм
Тоҷикистон бояд Маккаи кӯҳнавардон гардад
Тоҷикистон бо табиати дилфиребу қуллаҳои осмонбӯс, дарёҳои хурӯшон ва обҳои мусаффои чашмаҳои дармонбахшаш биҳишти рӯйи заминро мемонад.
Табиати биҳиштосои ватанамон аз назари сайёҳон пинҳон намемонад. Агар табиати Тоҷикистонро ғайриодӣ гӯем, асло ғалат намешавад, зеро дар як вақт метавон ба сайёҳ ду фаслро-зимистону тобистони кишварро пешниҳод кард: аз гармии тафсони водии Вахш дар як рӯз метавон ба хунукии арктикии барфҳои доимии Помир ворид гардид. Ин барои сайёҳ имконияти бо як тир ду нахчир сайд карданро медиҳад. Инчунин Тоҷикистон мамлакатест, ки кӯҳҳояш аз 300 то 7495 метр аз сатҳи баҳр баланданд. Кӯҳҳо 93 фоизи қаламравии кишварро ташкил медиҳанд. Бино ба иттилои Фаррухрӯз Иззатуллоев, сардори раёсати рушди сайёҳии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ, дар Тоҷикистон бештар намудҳои туризми кӯҳӣ-варзишӣ, экологӣ, кӯҳнавардӣ ва таърихӣ-фарҳангӣ рушд ёфтаанд. Минтақаҳои фаъолтари туризми варзишӣ-кӯҳӣ Бадахшону Зарафшонанд. Ҳамасола кӯҳнавардон дар ин минтақаҳо қуллаҳои Фон (ноҳияи Айнӣ) ва Исмоили Сомониро (Бадахшон) фатҳ мекунанд. Намуди таърихию фарҳангии туризм дар Панҷакенти бостонӣ, Саразм, Кӯлоб, Ҳулбук ва водии Ҳисори Шодмон рушд кардааст. Туризми экологӣ фазои беғубори берун аз шаҳр, яъне дуртар аз заводу фабрикаҳоро дар бар мегирад. 22 фоизи онро боғи миллӣ ташкил медиҳад. Фикру мулоҳизаҳои сайёҳон доир ба кишварамон дар сомонаи travel.ru нашр мегардад ва аксарият сабаби асосии ба Тоҷикистон сафар намуданашонро дар кӯҳсор будани он баён кардаанд. Ба ақидаи яке аз онҳо, Тоҷикистон бояд Маккаи кӯҳнавардон бошад. Дар замони Шуравӣ гардишгарон аз тамоми кишварҳо ба ин ҷо меомаданд. Аз андешаҳои дар сомона баёншуда бармеояд, ки кишвари мо метавонад аз имконоти табиии хеш фаровон истифода бурда, бо муҳайё намудани шароити ҷолиб барои гардишгарӣ буҷети давлатро хеле ғанӣ гардонад. Мувофиқи иттилои омории Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, дар соли 2011 ба кишвар 255 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ворид шудааст, аз ҷумла 183 ҳазор гардишгар. Ин шумора нисбат ба соли 2010 23 ҳазор зиёд аст.18238 шаҳрванди Тоҷикистон бо мақсади сайру саёҳат ба хориҷи кишвар сафар кардааст. Ин шумора назар ба соли 2010 қариб 100% зиёд гардидааст. Дар мамлакат 67 ширкати туристӣ амал мекунад, аз онҳо 30 ширкат пазироии сайёҳони хориҷӣ дар кишвар ва боқимонда сафарбар кардани шаҳрвандони меҳан ба ҳайси гардишгар ба хориҷаро асоси фаъолият қарор додаанд. Гардиши умумии кулли хизматрасониҳои туристӣ наздики 47 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2010 19 миллион, яъне 68% зиёд мебошад. Дар баробари варзиши кӯҳии туризм сайёҳон ба туризми фарҳангӣ-таърихӣ аҳамияти вижа медиҳанд. Ҳангоми ҷашни Наврӯз кӯшиш намудем, бо чанде аз онҳо ҳамсуҳбат шавем, вале гардишгарони хориҷӣ аз намоишгоҳҳои бағоят ҷолиби миллии мо чашм канда наметавонистанд. Чунон дар такопу буданд, ки ҳатто барои суҳбат вақт надоштанд.
Коршиноси иқтисодӣ Саиднурулло Саидризоев, мегӯяд барои афзудани сафи сайёҳон қабл аз ҳама сифати хизматрасониро беҳ кардан лозим аст ва дар ин кор нақши роҳбаладон бузург аст. Миср, ки яке аз кишварҳои пешрафтаи сайёҳист, миллионҳо роҳбалади касбӣ дорад ва ин барои рушд ёфтани соҳа мусоидат мекунад. Вале кишвари мо дар ин масъала хеле заиф аст. Сафи роҳбаладони касбӣ, ки махсус таълим гирифтаанд, бағоят кам аст ва ба сайёҳон роҳбаладоне, ки маълумоти кофӣ надоранд, хизмат мерасонанд. Ин сайёҳонро қонеъ кунонда наметавонад. Мавсими туризм аслан баҳору тобистон ҳисобида мешавад, вале кишвари кӯҳистони мо тамоми фаслҳои сол барои гардишгарӣ мувофиқ аст. Зеро дар минтақаҳои кӯҳӣ, бахусус Бадахшон, чор фасли сол барф аст ва чунин шароит масъулони соҳаи туризмро бояд водор созад, ки сари сохтани пойгоҳҳои лижаронӣ ва кӯҳнавардӣ ҷиддӣ андеша ронанд. Номбурда зикр кард, ки дар замони Шӯравӣ дар дараи Равмеди водии Бартанг бозиҳои зимистона низ гузаронида мешуданд Сохтани ҳамин гуна пойгоҳҳо кафолати зиёд шудани сафи сайёҳон шуда метавонад, чунки сайёҳони довталаби ин навъи туризм бамаротиб зиёданд ва ин як роҳи боб ва мақсадноку ҳадафраси судбардорӣ аз соҳаи мазкур хоҳад буд. Инчунин ин роҳ барои рушди тамрини кӯҳнавардон ва лижаронони хориҷӣ мувофиқ буда, ҳамзамон барои тайёр кардани варзишгарони наврас айни муддаост. Бо ҳамин васила туризм қодир мегардад ба буҷаи давлат бамаротиб зиёд даромад ворид кунад.
Мувофиқи иттилои роҳбалади касбӣ Шодӣ Рашидбеков, мардум то ҳол ба муносибат бо хориҷиён одат накардаанд, онҳоро мисли махлуқи дигар сайёра қабул мекунанд ва ҳар яке мекӯшад бо ҳар роҳ аз онҳо пул ситонад, аз ин рӯ, роҳбаладони "қалбакӣ", ки аз нозукиҳои ин соҳа огоҳ нестанд, наметавонанд дар ҳолатҳои ногувор сайёҳонро ҳимоя кунанд. Ҳатто ронандагон нархи мусофир кашонданро чанд маротиба зиёд мекунанд, ки ин амал ба сайёҳ таассуроти мусбат нахоҳад дод, балки ба кам гаштани сафи онҳо боис мегардад. Аксари сайёҳон, ки як маротиба ба Тоҷикистон сафар мекунанд, бори дувум хоҳиши ба ин ҷо омаданро надоранд, чунки пеш аз ҳама онҳоро на ин ки дар фурудгоҳ хуш пазироӣ намекунанд, балки дағалона муносибат менамоянд.
Сайёҳе хулосаи худро доир ба сафари Тоҷикистон, 27.11.2010 дар сомонаи travel.ru чунин изҳор намудааст: "Сафар ба Тоҷикистон ҷолиб ва хотирмон набуд. Тоҷикистон дигар он мамлакати меҳмондӯст нест, ки 3 сол қабл буд. Мардум дигар нашудааст, вале милисаҳо ва низомиёни виҷдонфурӯш аз сайёҳон пул ситонданро омӯхтаанд". Ҳақ бар ҷониби сайёҳ аст, зеро боре шоҳиди чунин воқеае гардидем, ки нозири сарҳадӣ сайёҳро аз миёни дигар мусофирони ҳамватанаш ҷудо карда, аз дохили нақлиёт бароварда, чун ба ҷинояткор дағалона муносибат кард. Ин амал боис мегардад, ки сайёҳ дигар ёди Тоҷикистон накунад ва барои омадани дигар сайёҳон монеа гардад, зеро сайёҳон доимо бо ҳамдигар робита доранд ва аз рафти саёҳат ва рӯйдодҳо ҳикоят мекунанд. Зиёда аз ин дар фурӯшгоҳҳо низ бо дидани муштариёни хориҷӣ чашмони фурӯшандаҳо барқ мезананд ва дар симои ӯ сайди бадомафтодаро мебинанд. Одитарин намуна - нархи сникерси 2,5-сомонииро ду баробар боло бурда, ба сайёҳ 5 сомонӣ мефурӯшанд. Бинобар ин «виҷдонфурӯш» гуфтани сайёҳ асоси воқеӣ дорад.
Пас, барои рушди соҳаи мазкур бояд ҳар як фард саҳм гузорад. Мардум муносибатро бо хориҷиён беҳтар карда, масъулони соҳа бошанд, барои ҷалби бештари сайёҳон аз имконоти мавҷудаи дар боло зикршуда истифода карда, шароити хубтар муҳайё созанд. Нуктаи дигаре, ки вазъи соҳаро беҳтар карда метавонад, ҳамкории бевоситаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, хадамоти гумрук, фурудгоҳҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои дигари марбут ба гардишгарӣ мебошад.
Рамзия БЕҲРОНОВА,
"Ҷумҳурият"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.04.12 №: 47-48 Мутолиа карданд: 1982