илм
Нодир Одилов – падидаи тозае дар олами илм
«Тоҷикистон ҳамеша барои банда бо таъриху тамаддун ва мавқеи ҷуғрофию миллати шарафманди хеш ҳамчун чашмаи баракату илму ирфон ва маънавиёте, ки асрҳост ҷараён дорад, дар қалбу руҳи ман ҷо гирифтааст. Мероси қадимаи Тоҷикистони ҷавон он қадар дурахшон ва муҳташам аст, ки дидаи афроди ба чашми кам бинандаро хира месозад. Шахсан ман дар он боварам, ки аҳли илму фарҳанг ва сиёсати имрӯзаи тоҷик ин шуур ва мероси таърихиро ба наслҳои нав дода истодаанд».
Ин матлаб порае аз паёми Фатҳуллоҳ Гулен, донишманди турк ва мутафаккири барҷастаи Шарқу Ғарб, аст, ки дар ҳамойиши илмие таҳти унвони «Мавлавишиносии муосири тоҷик» дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа шуд. Ин конфронс, ки бо ҳузури арбобони илму фарҳанг, доираи васеи олимон, шоиру нависандагон доир гардид, ба 80-солагии профессор Нодир Одилов, донишманди варзидаи тоҷик, узви пайвастаи Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Русия, иттифоқ афтод.
Мамадшо Илолов, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, хидматҳои Нодир Одиловро дар рушди илми фалсафа ва пажуҳишоти ӯро дар мавриди исломшиносиву мавлавишиносӣ бесобиқа унвон кард. Зикр шуд, асарҳои илмие, ки ба қалами ӯ тааллуқ дорад, барои дигарон чун дастури методӣ хидмат мекунанд.
Дар ҳамойиш таъкид гардид, ки назари борикбин ва воқеан илмии Нодир Одилов дар асари мондагораш «Ҷаҳонбинии Ҷалолиддини Румӣ» (1964) ҷамъбасти мантиқии худро ёфта буд. Ин асар дар замони шӯравӣ нахустин тадиқоти ҷиддие буд, ки ба таҳлили ҷаҳонбинии пири хиради Машриқзамин бахшида шудааст. Баъдтар осору шахсияти Мавлонои Рум борҳо ҳадафи пажуҳишоти олимон қарор гирифта, номгӯи китобҳои зиёд низ таълиф шудаанд, вале то ба ҳол бартарияти китоби Нодир Одилов дар бозкушоии фалсафаи Мавлавӣ чун ҳақиқати баҳснопазир боқӣ мондааст. Ин аст, ки муҳаққиқони зиёде онро чун падидаи ҷадид дар шинохти фалсафаи Ҷалолиддини Румӣ унвон кардаанд.
Нодир Одилов дар ҳеҷ маврид аз мубоҳисаҳои илмӣ наҳаросидааст, балки худ дар бисёр ҳолат ташаббускори баррасиҳои илмии масоили гуногун будааст. Аз ҷумла ӯ ҳанӯз соли 1987 дар назди кафедраи фалсафаи Донишкадаи забонҳои ҷумҳурӣ маркази мубоҳисавӣ таъсис дод, ки ҳар нафари соҳибзавқ метавонист иштирокчии фаъоли он бошад ва аз баҳсу баррасиҳо баҳра гирад.
Ба қавли Фатҳуллоҳ Гулен, Нодир Одилов аз зумраи мутафаккирони муосирест, ки дар роҳи илму ирфон барои инсоният хидмат намудааст.
Кароматулло Олимов, ноиби президенти Академияи илмҳо, Акбар Турсунов, директори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ, Абдувоҳид Шамолов, директори Институти фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносии АИ, Атахон Сайфуллоев, адабиётшинос ва дигарон дар суханрониву маърузаҳои хеш ба саҳми намоёни Нодир Одилов дар олами илму фарҳанг ва ба камол расондани шогирдони зиёд арҷ гузоштанд. Дар ҳамин ҳол, Амсол Коч, роҳбари Маркази муколамаи АврОсиё дар Тоҷикистон, изҳор дошт, ки Нодир Одилов дар зарфи фаъолияти бисёрсолаи худ ба ним миллион шогирд дарс гуфтааст.
Асарҳои пурарзиши ӯ, назири «Ҷаҳонбинии Ҷалолиддини Румӣ» (1964), «Ислом дар оинаи ақл» (1971), «Ихтилофи ақоид ва низоъҳои мазҳабӣ дар ислом» (1974), «Ислом ва сотсиализм» (1982) дар байни муҳаққиқон ва доираи васеи хонандагон маъруфияти зиёд доранд.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.04.12 №: 49-52 Мутолиа карданд: 5594