мулоқотҳо
Мулоқоти Эмомалӣ
Раҳмон бо Луис
Горатсио Гомес Ечеверри
19 апрел Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, Луис Горатсио Гомес Ечеверри, ёвари дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ), роҳбари ҳайати Комиссияи олии СММ оид ба татбиқи ташаббуси "Энергияи устувор барои ҳама"-ро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону СММ, пеш аз ҳама дар соҳаи обу энергетика ва таъмини рушди устувор, баррасӣ шуданд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, иқдоми Дабири кулли СММ - ро доир ба "Энергияи устувор барои ҳама" "идомаи мантиқии саъю талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин самт" номида, аз пазируфта шудани Тоҷикистон чун яке аз 5 кишвари пилотӣ (озмоишӣ) дар ин барнома изҳори хушнудӣ намуд.
Хотиррасон гардид, ки тибқи иқдоми "Энергияи устувор барои ҳама" ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд то соли 2030 ба 3 ҳадафи асосӣ дастёб шавад. Инҳо дастрасии умумӣ ба энергия, ду баробар зиёд шудани фоида аз самарабахшии энергетикӣ ва ду баробар афзун намудани истеҳсоли энергияи таҷдидшаванда дар ҷаҳон мебошанд. Дар ин муддат бояд дастрасӣ ба неруи барқ барои 1,3 миллиард нафар ва ба сӯзишворӣ барои 2,7 миллиард кас аз аҳолии сайёра, ки ҳоло аз ин неъматҳои моддӣ маҳруманд, таъмин гардад.
Луис Горатсио Гомес Ечеверри ба иқдомҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаҳои обу энергетика ва дастрасӣ ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола баҳои баланд дода, изҳори боварӣ намуд, ки минбаъд низ ин кишвар дар сатҳи ҷаҳонӣ фаъолу ташаббускор хоҳад буд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки Тоҷикистон чун кишвари пилотӣ (озмоишӣ) дар татбиқи иқдоми "Энергияи устувор барои ҳама" дар амалӣ намудани барномаҳои энергетикии худ аз ёриҳои фаровони ҷомеаи ҷаҳонӣ бархӯрдор хоҳад буд, зеро мардуми кишвар ба неруи устувори барқ дар ҳамаи фаслҳои сол дастрасӣ надоранд.
Мусоҳибон ба дурнамои рушди соҳаи гидроэнергетикаи Тоҷикистон баҳои баланд дода, таъкид доштанд, ки он яке аз манбаъҳои асосии энергияи таҷдидшаванда ва аз ҷиҳати экологӣ тозаю безарар мебошад.
Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.04.12 №: 53-54 Мутолиа карданд: 2153