мулоқотҳо
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Сергей Лавров
24 апрел Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, Сергей Лавров - вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русияро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот паҳлуҳои гуногуни муносибот ва ҳамкории бисёрҷанбаи Тоҷикистону Русия баррасӣ шуданд.
Бо ишора ба хислати стратегӣ ва дарозмуддати шарикии Тоҷикистону Русия Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, изҳор дошт: "Тоҷикистон маҷмӯи пурраи шарикӣ бо Русияи аз ҳама ҷиҳат ба мо наздикро самти муҳимтарини сиёсати хориҷии худ мешуморад. Мо ба таҳким ва густариши бештари чунин шарикӣ ҳамаҷониба манфиатдорем".
Сергей Лавров дар навбати худ изҳор намуд, ки Русия низ ба таҳкиму густариши муносиботи стратегӣ ва иттифоқчигӣ бо Тоҷикистон манфиатдор аст ва пайваста барои ин талош меварзад.
Таваҷҷуҳи зиёд ба таҳкими ҳамгироии сиёсии Тоҷикистону Русия дар замони воқеиятҳои нави геополитикӣ дар ҷаҳон ва минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ зоҳир гардид.
Зимни баррасии масоили дуҷонибаи Тоҷикистону Русия, пеш аз ҳама ба сатҳ ва муҳтавои ҳамкории гуманитарии ду кишвар баҳои баланд дода шуд. Аз ҷумла ифтитоҳи филиали Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи Маскав дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон "тӯҳфаи пурарзиш дар арафаи 20-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Русия" номида шуд.
Ҷонибҳо аз сатҳ ва мазмуни ҳамгироии низомию амниятии ду кишвар низ изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон ба манзури дурнамои авзои минтақавӣ баъд аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ аз Афғонистон дар соли 2014 пурзӯр намудани онро зарур шумурданд.
Бо ёдоварӣ аз имкону захираҳои фаровони ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёт, кишоварзӣ, алоқа ва ғайра Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, изҳор намуд: "Мо ба тавсеаи ҳамкории иқтисодии ҳамвазн бо ҳамгироии амниятӣ бо Русия манфиатдорем".
Сергей Лавров густариши ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетикаро самти афзалиятноки робитаҳои иқтисодӣ бо Тоҷикистон номида, ҳавасмандии Русияро ба рушди ҳамкории гуногунҷанбаи иқтисодӣ таъкид намуд.
Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба беҳсозии заминаи ҳуқуқию қарордодии фаъолият ва будубоши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия, ҳамкорӣ дар соҳаи нафту газ, масоили минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.04.12 №: 56 Мутолиа карданд: 2252