барқияҳо
24 апрел Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, унвонии Тсаҳиагийн Элбегдорж, Президенти Муғулистон, барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла чунин омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Басо шарафмандам, ки ба муносибати бистсолагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон Шуморо самимона муборакбод намуда ва орзуҳои беҳтаринро иброз дорам.
Мутмаинам, ки муносибатҳои хуби дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан муфиде, ки тайи ин солҳо байни ҳар ду мамлакат ба миён омадаанд, минбаъд ҳам ба нафъи халқҳоямон ва манфиатҳои таҳкими минбаъдаи сулҳу суботи фазои васеи Осиё рушду густариш меёбанд.
Мо барои расидан ба ин мақсадҳои наҷиб ба ҳамкории минбаъдаи самарабахш бо дӯстони муғуламон ҳам дар чаҳорчӯбаи дуҷониба ва ҳам дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, ки кишварҳоямон дар онҳо ширкат доранд, омодаем.
Аминам, ки мо бо истифода аз таҷрибаи мусбати солҳои гузашта ва саъю кӯшишҳои муштарак метавонем ба шаклҳои гуногуни ҳамкории мутақобилан муфиди Тоҷикистону Муғулистон суръати бештаре бахшем.
Табрикотамро ба муносибати ин санаи фархундаи таърихи муосири муносибатҳои кишварҳоямон бори дигар иброз дошта, ба Шумо, ҷаноби Президент, аз самими қалб тансиҳатӣ, беҳбудӣ ва комёбиҳои нав ва ба халқи дӯсти Муғулистон сулҳу пешрафт ва шукуфоиро орзу менамоям».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.04.12 №: 56 Мутолиа карданд: 3399