барқияҳо
24 апрел Тсаҳиагийн Элбегдорж, Президенти Муғулистон, унвонии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла чунин гуфта мешавад:...
«Муҳтарам ҷаноби Президент,
Ба муносибати 20 – солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии байни кишварҳоямон аз номи халқи Муғулистон ва шахсан аз номи худам Шумо ва халқи дӯсти тоҷикро самимона муборакбод менамоям.
Аминам, ки муносибатҳои мутақобилан муфиду дӯстона ва ҳамкории байни мамлакатҳоямон минбаъд ҳам ба нафъи халқҳои Муғулистону Тоҷикистон рушду густариш меёбанд.
Аз фурсат истифода намуда, ба Шумо, Аълоҳазрат Ҷаноби Президент, тансиҳатии нек, саодат ва ба халқи дӯсти Тоҷикистон шукуфоиро таманно дорам».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.04.12 №: 56 Мутолиа карданд: 3411