барқияҳо
27 апрел Ли Мён Бак, Президенти Ҷумҳурии Корея, унвонии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла чунин гуфта мешавад:...
"Муҳтарам Ҷаноби Президент,
Ба муносибати 20 - солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии байни Ҷумҳурии Корея ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мехостам аз номи Ҳукумат ва халқи Ҷумҳурии Корея суханони самимонаи дӯстиро ба Шумо ва халқи Тоҷикистон иброз дорам.
Басо хурсандам, ки баъди 27 апрели соли 1992 барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию фарҳангӣ, ҳамчунин бахшҳои дигари гуногуни фаъолият мунтазам ривоҷ меёбанд. Ман ҳамчунин умедворам, ки ин воқеаи фархунда 20 - солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ, ба рушду густариши ҳамкории дуҷониба дар ҳамаи соҳаҳо мусоидат намуда ва дӯстию ҳамфикрии мутақобилаи байни кишварҳои дӯстамон ҳар чи мустаҳкамтар мегарданд.
Мехоҳам ба Шумо тансиҳатии бардавом ва ба халқи Тоҷикистон шукуфоию беҳбудӣ орзу намоям".
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 3.05.12 №: 57 Мутолиа карданд: 3461