барқияҳо
Барқияи табрикӣ ба Президенти Ҷумҳурии Фаронса Франсуа Жерар Жорж Ҳолланд
7 май Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба унвони Франсуа Жерар Жорж Ҳолланд ба муносибати пирӯзиаш дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Фаронса табрикнома ирсол намуд, ки дар он чунин омадааст:
Ҷаноби Олӣ,
Дар иртибот ба пирӯзиатон дар маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Фаронса сарфарозам ба Шумо табрикоти самимона ва таманниёти неки хешро бифиристам.
Ҷониби Тоҷикистон маҷмуи ҳамкориҳои босамари дуҷонибаро бо кишвари дӯсти Фаронса самти муҳими сиёсати хориҷии худ медонад.
Боиси қаноатмандист, ки бар асари саъю кӯшишҳои муштараки доимӣ имрӯз байни кишварҳои мо дар арсаҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҳамёрии созанда ба роҳ монда шудааст ва онҳо рӯ ба густариши бемайлон ниҳодаанд.
Мо ба ояндаи неки муносибатҳои гуногунҷанбаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса бовар дорем ва умедворем, ки дар давраи сарварии Шумо аз Фаронса равобити ҳасана ва ҳамкориҳои мутақабилан судманди байни мамлакатҳоямон ба марҳилаи ҷадиди тавсеаи худ ворид хоҳанд шуд.
Бо изҳори омодагии хеш ҷиҳати саъйю талошҳои муштарак дар ин самт, ба Ҷаноби Олӣ сиҳатии комилу пирӯзиҳои навин ва ба мардуми дӯсти Фаронса хушбахтиву шукуфоии рӯзафзун таманно дорам.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.05.12 №: 61 Мутолиа карданд: 3471